Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ моҳияти падидаҳои тозаи назму насри муосирро бо усули тадқиқи типологиву муқоисавии фактҳо ва тазоҳуроти адабӣ ошкор намуда, мавқеи адабиёти муосири тоҷикро дар системаи тафаккури эстетикии халқ ба муоина мегирад. Ба ин маънӣ тадқиқоти қиёсии М. Шакурӣ дар заминаи анъанаҳо ва робитаҳои адабии халқҳои тоҷику рус, тоҷику украин, тоҷику ӯзбек ва дигар халқҳои Осиёи Миёна, Қазоқистон ва Қафқоз самтҳои асосии таҳқиқи ояндаи робитаҳои адабии халқи тоҷикро бо халқҳои дигар таъйин менамояд.

4 Моҳи январи соли 1979 баъди чанд рӯзи ба кор омаданам ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ рӯзе муаллим Шакурӣ маро ба наздашон даъват карданду мусаввадаи як қисми (назми солҳои 20) ҷилди якуми «Таърихи адабиёти советии тоҷик»-ро ба дастам дода гуфтанд: «Мулло Абдураҳмон, ин дастнависро як бор аз назари таҳрир гузаронед ва умуман кӯшиш кунед, ки барои чоп омода шавад».
Баъди чанд рӯз ман дастнависро ба муаллим баргардонидам ва гуфтам, ки бо як таҳрир ин дастнавис омодаи чоп намешавад, зеро дар он комёбиҳои илми адабиётшиносии имрӯз тамоман истифода нашудааст, нисбат ба мақом ва эҷодиёти шоирони солҳои 20 муносибати ғайриобъективӣ роҳ ёфтааст, муаллиф аз тадқиқоти ҳамкасбони худ ба куллӣ чашм пӯшидааст, ташаккули назми шӯравии тоҷик аз ҷараёни ташаккули адабиёти шӯравии умуми Иттифоқ тамоман канда таҳлил шудааст, савияи назарии кор ба талаботи имрӯзаи илми адабиётшиносӣ ҷавобгӯ нест. Муаллим даме сукут варзиданду гуфтанд: «Маслиҳат шуд, ки ислоҳу такмили ҳамин корро ба Шумо супорем». Ва диданд, ки дар ваҷоҳати ман аломати ҳаросу ҳайрат нақш баст, бо оҳанги андак тасаллобахш илова намуданд: «Ман ҳам вақте ки ба ин даргоҳ омадам, омодаи таърихнависӣ набудам, вале шароит талаб карда буд, ки корро аз иштирок дар таълифи «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» оғоз намоям.
Ман ҷавобе надода, хомӯшона аз хоначаи кори он кас бадар рафтам.

пешина
аз 202
навбатӣ