Зеҳн
ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

РУБОӢ ВА ДУБАЙТӢ

Эй зоғи сиёҳ куҷо равӣ гӯшот кар,
Хабари маро ба назди модар ту бибар.
Аввал дидӣ, гиряю зорима бигӯ,
Пас бо модар, зиндаҷудогима бигӯ.

Сари ин теппае буд хонаи ман,
Фалак тире бизад бар шонаи ман.
Фалак моро бизад бегурзу пайком,
Магар пур гаштааст паймонаи ман.

Ту себаки сурхӣ, дар талошат банда,
Шӯридаи ишқата макун шарманда.
Ҳарҷо бошам, дар хаёлат бошам,
Дар назди рақиб маро нагӯи ганда.

Соддадилакам, ишқи ҷавонӣ дорам,
Ошиқат манам, ишқи ниҳонӣ дорам.
Дар ёди туам, шабону рӯзҳои дароз,
Ту баҳри ману ман ба шумо даркорам.

Чашми ману абрӯи ту тоқ афтодаст,
Ду булбули шӯрида тифоқ афтодаст.
Мо кабкаки даргузар аз кӯҳи дигар,
Имрӯз чӣ сир, ки дар нифоқ афтодаст.

Дарахти себу зардолу ту дорӣ,
Ду чашми масти хунолу ту дорӣ.
Шудам мафтуну моти ҳар гуноҳат,
Каманд бо хеш дар паҳлу ту дорӣ.

Ин шаб чӣ шаб аст дар паси хонаи ту,
Бар гӯш расид шарфаи дасмонаи ту.
Мурғони ҳаво дар ҳаваси донаи ту,
Ман дар ҳаваси канори мастонаи ту.

пешина
аз 36
навбатӣ