Зеҳн
ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷононаи ҷон, аз ту хабар мегирам,
Чандест надидамат дар мегирам.
Дар ишқи шумо сӯхта шудам хокистар,
Сангҳои хунук дар ҷигар мегирам.

Рафтам пушта ба чидани дулона,
Онҷо санаме шишта китоб мехона.
Гуфтам санамо, чаро ба дур омадаӣ,
Гуфто хилват аст инҷоро ёр медона.

Дулона чину худакта пардоз мадеҳ,
Ғофил нашаву ба кас ту овоз мадеҳ.
Ситора будам зи осмон канда шудам,
Аз баҳри дулона бо шумо банда шудам.

Сабзина занак дар канорат бошам,
Бишкуфта чу гулҳои анорат бошам.
Эй ёраки ман, ноз бисёр макун,
Ман ошиқи шухи беқарорат бошам.

Сабзиназанак ниҳоли пурбори туам,
Як ташналаби ҷамолу дидори туам.
Дил бо нигаҳе ошиқи шайдои ту шуд,
Як ёраки дилсӯхта, харидори туам.

Сарчашмаи боғу бӯстон аст Ватан,
Хушбоду ҳавою дилситон аст Ватан.
Ҳар зарраи хоки он азизи дили ман,
Алқисса маро чу ҷисму ҷон аст Ватан.

Кабкон сари сангу чаҳ-чаҳаш дар бӯстон,
Овора манам ҷудо шудам аз дӯстон.
Рафтам сари сарчашмаи ёрон ба ҳавас,
Ҳам об бинӯшидаму дидам ҳар кас.

пешина
аз 36
навбатӣ