Зеҳн
ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

АЗ ГУФТАВУ ШУНИДАҲО

АНДАРЗҲО

Касе ки Ватанашро дӯст намедорад, имон надорад.


Касоне, ки гузаштаи пуралами худро дар ёд надоранду фаромӯш мекунанд, инсони комил нестанд.


Касе ки мушкилиҳои давраи Ҷанги Бузурги Ватаниро фаромӯш мекунад, беинсоф аст.


Касе, ки дар ҷавонӣ илму ҳунар намеомӯзад, бадбахти рӯи олам аст.
Касоне, ки даҳшати рӯзҳои ҷанги бародаркушро фаромӯш мекунад, беимон аст.


Касе, ки хубиро надониста, ба ивази он ба кас бадӣ мекунад, аблаҳу нокас аст.


Сулҳ меваи ширинтарин, қимматтарин, пурарзиштарин дар дунёст. Касе ба қадри сулҳ намерасаду иғвои ҷанг мекунад, дузахист.


Осудагӣ неъмати бебаҳо аст. Барои инсон беҳтарин савғо аст.


Касе, ки манфиати осудагиро надониста, худро хор мекунад, бадбахт аст.
Умрро чунон бояд гузаронд, ки вақти беҳуда гузаронидаатро ба ёд орӣ, аламат наояд.


Бо дӯстон мурувату бо душманон мадоро кардан бояд шиори ҳар инсон бошад.

пешина
аз 36
навбатӣ