Зеҳн
ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳусейн дидаю шунидаҳояшро бо падару модар мегӯяд. Модар мегӯяд: Агар Худо розӣ шуда бошад, ахир Давлатхотун аз ту мешавад.
Модар ба Ҳусейн мегӯяд, ки модари духтар ба ман дӯст буд, вале корро ба ин дараҷа расонд.
Ҳусейн дар хонаи падар чанде монд. Баъди чанде безобита шуда, роҳи Ҳулбукро пеш мегирад. Кофта-кофта аз дигар деҳа хонаи онҳоро меёбад. Мебинад, ки Давлатхотун бо модараш карбос танида, дар ҳавлиашон ҷумбуҷул доранд. Аз дур Ҳусейн ин байтҳоро мехонад:

Давлатхотун Дулонамайдонанда,
Карбос мондӣ саҳари мардонанда.
Гуфтам биравам риштаи карбоста гирам,
Хобаш бурдаст таҳаки долонанда.

Ин овозро Давлатхотун шунида ба ҳар тараф менигарад.
Бо алам гирякунон месарояд:

Моҳ мераваду ситора пас мемонад,
Номарда бубин ёра ба кас мемонад.

Ҳусейн инро шунида доир ба камбағалию ҳоли зори худ гирён мешаваду ин байтро мехонад:

Ошиқи зорам ҷӯра,
Дил беқарорам ҷӯра.
Умед дорам аз Худо,
Туро бигирам ҷӯра.

Ҳамин тавр боз бо ёраш хайру хуш карда, ба Роғ – назди
падару модараш меравад. Ҳамаи гапҳоро бо падару модараш мегӯяду хизмати онҳоро мекунад. Баъди чанде беқарор
шуда аз падару модар ҷавоб гирифта ба назди Давлатхотун
меояд. Дар ҳамин ҳангом Давлатхотунро падараш дар
Шаҳри Барбар бо касе ба шавҳар медиҳад. Шаб духтар ба
шавҳараш ҳамаи воқеаҳоро мегӯяду ба ӯ наздикӣ намекунад.

пешина
аз 36
навбатӣ