Зеҳн
ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ин мард ҳам худотарс будаасту ба духтар кордор намешавад. Баъди як ҳафта Ҳусейн ба суроғи Давлатхотун аз Роғ сӯи Шаҳри Барбар меояд. Баъди пурсуҷӯи бисёр хонаи Давлатхотунро, ки ба шавҳар дода буданд, меёбад. Мебинад, ки алови нонпазӣ карда истодааст. Аз бӯи дуди алав мефаҳмад, ки пуш алав карда будаанд. Ҳусайн инро мефаҳмаду аз дур баланд ин шеърро мехонад:

Давлатхотуне хона гирифтӣ гӯша,
Алов мекунӣ хасу гиёҳи пуша.
Як дардаки сахте бигирад шуша,
Ба баҳонаи касалӣ бубинам руша.

Давлатхотун овози Ҳусейнро мешунаваду аз тарси шавҳараш чизе намегӯяд ва пас аз чанде бо дили хаста месарояд:
Чашмони чорам Ҳусейн, Дил беқарорам Ҳусейн.
Бо дасти ин бегона, Ишқи ба поям Ҳусейн.

Инро мехонаду зор-зор гириста нонҳои пухтаро ҷамъ карда ба хона медарояд. Пас баромада барои тушаи роҳ барои Ҳусейн дег монда гандум бирён кардан мегирад.
Шавҳараш мебинад, дег зери оташ асту гандум бирён мекунад. Ӯ тааҷҷуб мешавад. Аз тарси шавҳар Давлатхотун пеши дег рафта наметавонад. Аз зарби оташи зиёд дег кафида мешиканаду гандумҳо болои хокистар мерезанд.
Инро Ҳусейн мушоҳида мекунад ва мегӯяд:

Ҷонона маро ишорати мижгон кард,
Дегашро бимонду гандумаш бирён кард.
Дегаш бишикасту гандумаш пок бирехт,
Ёре, ки ба каф омада буд, боз гурехт.

Шавҳари Давлатхотун ба ҳар тараф менигарад, то ки
соҳиби овозро ёбад. Дар охир ӯро мебинад, ки бо либосҳои даридаю мӯи расида, пои луч, ҳайрону ҳаросон сӯи духтар нигоҳ дорад.

пешина
аз 36
навбатӣ