Зеҳн
ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бигузор ҳақ ба ҳақдор расад. Ошиқон ба висоли якдигар бирасанду ҳаққи тақдир ба ҷо биёяд».
Онгоҳ ҳама хурсанд мешаванду чапакзанӣ мекунанд.
Қозӣ дар ҳузури ҳамагон ин ду гаҳворабахтро никоҳ карда, онҳоро ба висоли якдигар мерасонад. Мансуру занаш ва духтарашон бо Ҳусайн якҷоя сӯи Роғ роҳ пеш мегиранд.
Падари духтар гирякунон мегӯяд, ки тақдири духтарам ба ҳамин бачаи Ҷалоли ҳамсояам будааст. Аз розигии Худо касе илоҷи дигар надорад. Шаб дар хонаи бобои Ҷалол тӯй мешавад. Ҳамаи ҳамсояҳо то як поси шаб дилхушию рақс мекунанду суруд мехонанд. Ҳама аз тақдири онҳо шодӣ мекунанд. То буданашон дар Ватан шодона мегарданд.
Чандин фарзандон меёбанд. Ин аст қиссаи Давлатхотуну девона Ҳусайн.
САЙЁДИ НАКӮКОР

(Афсона)

Нурмуҳаммад ҳар рӯз ба шикор мерафту ризқу рӯзии фарзандонашро аз шикор меёфту зиндагии фақиронае дошт. Рӯзе ба кӯҳи баланде ба шикор рафт, ки дар он ҷо на чашма буду на чизи мехурданӣ.
Аз тарси ташнагӣ барги тареро аз дарахти ин кӯҳ канда мехояду ба ҷое баромада мехобад. Ӯ лафзи паррандаю дарандагонро медонист. Хеста гӯш меандозад. Ҳамаи паррандагонро мешунавад, ки аз шикорчӣ норозигӣ мекунанд.
Паррандагон мегӯянд, ки мо ҳам ризқу рӯзӣ дорем.
Мехоҳем умр бинем. Бача паронем, сайру тамошо кунем.
Ин чӣ бало аст, ки ин шикорчиро ба сари мо овардааст.
Ин гапҳоро аз забони паррандаю дарандаҳо шунида хиҷил шуду ба паҳлуи кӯҳ тоб хурда ба капаи чӯпонии ҷӯрааш – Ғаюр ба меҳмонӣ рафт.
Ғаюр ба шарафи дӯсташ гӯсфанде забҳ мекунад. Ногоҳ аз дурӣ гурге уллос кашида мегӯяд, ки имшаб шумо устухони фаровон мехӯред. Саге бо номи полвон мегӯяд ба гург, ки агар ин мерган ақл кунаду аз ин гӯсфанди кушташуда нимашро ба мо диҳад, имшаб ту барин гургро буғӣ мекунему аз байн мебардорем. Нурмаҳмад инро мефаҳмаду ними гӯштро аз чӯпон илтимос карда, пеши сагон мепартояд. Чӯпон норозигӣ мекунад, вале сайёд мегӯяд, ки оқибати инро пагоҳ мефаҳмӣ. Шӯрбо хӯрда ҳарду мехобанд.
Субҳидам Ғаюр хеста мебинад, ки рама тинҷ хоб асту сагҳо нестанд. Омада ба шикорчӣ инро мегӯяд. Шикорчӣ мегӯяд, ки поёнтар равед, сагҳо дар дараанд. Ғаюр поёнтар рафта мебинад, ки сагҳо дар дара хобанду дар пешашон як дултаи мурдагӣ. Чӯпон аз ин кор хурсанд мешаваду ба дӯсти сайёдаш мегӯяд, ки як гӯсфанди хубе аз ин мол ҷудо карда бибар. Сайёд гӯсфандеро, ки момакалони ин рама буд, ҷудо карда бурдан мегирад. Ин вақт дигар гӯсфандон маоскунон аз паси сайёд мераванд.

пешина
аз 36
навбатӣ