ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа
Ғаюр ба сайёд мегӯяд, ки ин чӣ ҳол аст. Мегӯяд, ки худат ҷудо карда бидеҳ. Ин момакалони гӯсфандон будааст. Дигар гӯсфандро чӯпон ба сайёд медиҳаду он момакалонро бармегардонад. Дигар гӯсфандон ҳам боз баргашта ба рама меоянд.
Нурмуҳаммад гӯсфанди тӯҳфашударо ба хонааш оварда медиҳад. Мешунавад, ки вазир тӯй дорад. Зуд ба тӯйхона меравад. Дар роҳ саге мегӯяд, ки ба тӯйхона меравӣ. Ҳоло тӯю пагоҳ мотам аст. Тупчии шоҳ ҷои хоби шоҳро соати сеи шаб нишон гирифта мепаронад. Шоҳу оилааш ҳалок мешаванд.
Сайёд инро шунида ба тӯй нею ба сӯи хонаи шоҳи рафиқаш меравад. Бо шоҳ салом дода бо чашми гирён мегӯяд, ки ҷои хобатро иваз кун. Соати се тире омада ба ҷои хобат мерасаду нобуд мешавед. Ҳамин хел хоб дидаам.
Хонаи хобро иваз мекунанду ҳамаи чизҳое, ки буд дигар ҷой мебаранд. Ҳақиқатан соати сеи шаб тупчии подшоҳ ба сӯи ин хона туп мепаронад. Хона валангору ҷазир мешавад. Пас аз ин шоҳ тупчиро мефармояд ки наздаш оранд.
Аз ӯ мепурсад, ки чаро ин хел кардӣ. Мегӯяд, ки вазир ба ман фармуду ман иҷро кардам.
Шоҳи боадолат буду қозиро талабид, ки гунаҳкорро ёфта ҳукм кунад. Баъди пурсуҷӯ вазирро гунаҳгор донистанд.
Шоҳ аз вазир пурсид, ки чаро ин корро кардӣ. Ӯ гуфт, ки ман он вақт худро шоҳ ҳисобида ҳукм карда будам. Вазирро куштанду ба ҷои ӯ сайёдро вазир пешниҳод намуданд.
Вазири нав ба шоҳ гуфт: – Вазирро забони худаш кушт.
Шумо одилу сулҳхоҳ бошед, ба касе ҷабр накунед. Як умр бо ҳам кор мекунем. Шоҳ ба Нурмуҳаммад гуфт, ки аз куҷо ин пандҳоро омӯхтед. Вай гуфт, ки аз паррандагон омӯхтам. Онҳо бо ҷуфти худ хиёнат намекунанд. Баъди чанд сол вазир бемор шуда, фарзандашро ба пешаш хонд.
Гуфт: каме давлат дорам. Туро хонадор мекунаму се насиҳат дорам мегӯямат. Онҳоро иҷро бикунӣ ба мақсад мерасӣ. Вазир ба писараш гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё