БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Ҳангоми машғулияти риёзӣ мураббӣ тасаввуроти зеҳнии бачаҳоро аз сайру тамошо бо рақамҳо бояд ҷамъбаст намояд. Метавонад аз чӯбчаҳои ранга истифода барад, ё ба бачаҳо супориш диҳад, ки рақамҳоро нависанд. Бачаҳо кӯшиш мекунанд, ки мушоҳидаҳои хешро бештар нишон диҳанд ва аз ҳисоби даҳҷ кор мегиранд. Масалан, Сарвар мегӯяд, ки “Ман даҳ гунҷишк дидам.” Собир мегӯяд: “Ман понздаҳ мусичаро дидам.” Лутфия изҳор медорад: “Дар буттаи садбарг дувоздаҳ гули шукуфта ва шаш ғунчаро дидам”. Ин гувоҳҷ аз он медиҳад, ки бачаҳо аллакай ададҳои воҳид ва даҳиро аз худ намуда, дар ҳисоб ғалат намекунанд. Ин буд чанд мисоли содае аз он чор амали риёзӣ.
Дар тарҳу тақсим ва зарб ҳам мураббӣ метавонад аз роҳи сода ва фаҳмо истифода барад. Шокир аз мушоҳидаи сайругашт ба хулосае омаддааст, ки вай дар дарахти себ шаш дона себро дида, сетои он суп-сурх ва дутои он кабудчатоб менамуданд. Мураббӣ метавонад ин мисолро дар тарҳу тақсим ва зарб истифода кунад. Бинобар он, шаш дона чӯбчаи сурху кабудро якӣо ба бачаҳо нишон медиҳад ва аз он се чӯбчаро мегирад, мемонад рақами 3.
Дар тақсиму зарб ҳам аз чӯбчаҳои ранга моҳирона истифода карда метавонад. Албатта, 6х6=36 аст, дарки ин рақам барои бачаҳо мушкил менамояд, вале мураббӣ метавонад аз арқоми воҳид кор бигирад.
Роҳҳои дигари ташкили бозиҳои риёзӣ ҳам хеле зиёданд. Дар муассисаҳои томактабӣ шаклҳои геометрӣ ҳар гуна буда, бача ҳангоми ба даст гирифтани онҳо саргарми тамошои кунӣҳо, давра ва сӯрохиҳо шуда, супориши мураббиро баъзан фаромӯш мекунанд. Ба ин нигоҳ накрда, мураббӣ вазифаро мушаххас гузарад, ки масалан, дар ин шаклҳои геометрӣ чанд давраи хур ва калон мавҷуд аст? Ё ки дар дафтарҳо шаклҳои геометрие, ки бештар сиёҳу сафеданд, бачаҳо метавонанд хоначаҳоро бо қаламҳои ранга хонапурӣ кунанд. Ин ҷо ҳам мураббӣ вазифа мегузорад, ки бачаҳо дар ҳар як саҳифа чандтогҷ шаклҳоро зебу зиннат додаанд. Дар ҷамъбасти бозиҳои риёзӣ мураббӣ ба кору амали бачаҳо баҳои сазовор медиҳад, ки кадом бача ба саволҳо хуб ҷавоб дод, кадом бача рангҳоро моҳирона истифода бурд? Дар ҳисоби шаклҳои геометрӣ, масалан, Воҳиду Ҷаббор пешдастӣ карданд.
Шамсуллою Наргис шаклҳоро зудтар ҳисоб карда натавонистанд. Албатта, мураббӣ бачаҳоро дар ҳар дарс бояд ҳавасманд созад ва бигӯяд, ки ҳамаи онҳо вазифаҳоро хуб иҷро карданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё