БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
-
Бозии «Сарҳадчиён»
Дар лавҳа пешаки матн навишта мешавад, ки дар он баъзан калима ё ҳарфҳои ҷудогона партофта ё ба ҷои он нуқтаҳо гузошта мешаванд.
Пас, дар бораи сарҳадчиён мухтасар маълумот дода пардаи рӯи лавҳаро кушода ба хонандагон гуфта мешавад, ки дурбинҳо, яъне ангуштҳояшро монанди ҳалқа карда ба чашмонашон бурда ба тахта нигаранд.
Баробари дидани матн талабае, ки ҳарф ё калимаҳои партофташударо меёбад, дурбинро аз чашм гирифта барои ба сардори застава-муаллим маълумот додан тайёр мешавад.
Баъд муаллим ба яке аз донишомӯзон иҷозат медиҳад ки ба тахта ҳарфҳо ё калимаҳои партофташударо дар ҷояш нависад. -
Бозии «Нависанда ё не»
Ташкилкунандаи ин бозӣ фамилияҳои нависандагони гуногунро медонад ва ба донишомӯзон номи ягон нависандаро гуфта баъди ҳар фамилия калимаи нависандаро илова мекунанд.
Масалан: Айни-нависанда. Раҳим Ҷалил – нависанда.
Баъди ҳар бори номбар кардани ӯ ҳама даст боло мекунанд. Вале вақте ки роҳбар фамилияи шахсонеро, ки нависанда нестанд мегирад, касе даст боло намекунад. Агар даст бардорад, аз бозӣ ронда мешавад. Бозиро дигарон давом медиҳанд.
Бозиҳои грамматикиро дар боби « Исм» ҳам эҷодкорона истифода бурдан мумкин аст.
14.Бозии “Ҷои ман дар куҷо” Бозӣ ин тавр гузаронида мешавад: Дар тахта якчанд калима навишта мешавад. Бояд хонандагон зуд ҷои ҳарфҳоро ёфта монанд:
иктобанзаримсол
Кадоме аз хонандагон тез, бехато вазифаро иҷро кунад, ғолиб ҳисобида мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё