Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Сипас муаллим бо навбат хонандагонро даъват намуда, супоришро медиҳад, ки ба мева ҷамъкунӣ шурӯъ намоянд. Хонанда варақчаро ба даст гирифта, ҷавоби мисолро нишон медиҳад. Ҳамин тавр бозӣ давом ёфта, хонандагон пайи ҳамдигар варақча гирифта, ҷавоби мисолҳоро мегӯянд. Дар бозӣ ҳамон хонанда ғолиб меояд, ки бисёртар варақча гирад ва ҷавобро дуруст ва бехато фаҳмонад.

Бозии «Телефони математикӣ»
Варианти 1.
Мақсади бозӣ:
Мустаҳкам намудани ҷамъ ва тарҳи ададҳо дар доираи 20.
Аёният:
Гӯшаки телефони аз кардон тайёр кардашуда ва сим ё модели телефон.
Мазмуни бозӣ:
Одатан бо телефон ду нафар сӯҳбат мекунанд, яке савол медиҳад, дигаре ҷавоб медиҳад ва баръакс. Муаллим барои сӯҳбат ду нафар хонандаро даъват мекунад. Онҳо сӯҳбати математикӣ мекунанд: яке аз онҳо доир ба ҷамъи ададҳо савол медиҳад, дигаре мисолро ҳал мекунад ва ҷавобашро мегуяд. Сипас онҳо нақшашонро иваз мекунанд.
Масалан: Яке аз хонандагон бо ҳарифаш савол медиҳад: Суммаи ададҳои 13 ва 5 ба чанд баробар аст? Хонандаи дигар ин мисолро ҳал намуда ҷавоб медиҳад: Суммаи ададҳои 13 ва 5 ба 18 баробар аст. Баъд аз он хонандаи дуввум метавонад чунин саволро ба ҳарифаш диҳад:
тарҳшаванда - 17, тарҳкунанда ба 8 баробар аст. Фарқи ин ададҳоро ёбед. Хонандаи якум ин мисолҳоро ҳал карда ҷавоб медиҳад. Фарқи ададҳои 17 ва 8 ба 9 баробар аст. Баъдан хонандагон ба ду гурӯҳ ҷудо шуда байни гурӯҳҳо сӯҳбати математикй гузаронида мешавад. Хонандагони гурӯҳи якум савол медиҳанд, хонандагони гурӯҳи дуввум бошанд ба саволи додашуда ҷавоб медиҳанд. Баъд он ҷо нақшашонро иваз мекунанд.
Дар ин бозӣ ҳамон хонанда ё гурӯҳе ғолиб мебарояд, ки ба саволҳои ҳарифи худ бехато ҷавоб диҳанд ва ба зудӣ бо ҳариф саволи дигаре пешкаш кунад.
Варианти 2 Мақсади бозӣ:

пешина
аз 108
навбатӣ