Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Бозии «Мошини ҳисоббарор»
Мақсад:
Инкишоф додани малакаҳои ҳисобарории хонандагон.
Шарти бозӣ.
Муаллим ба хонандагон мефаҳмонад, ки имрӯз онҳо нақши мошини электронии ҳисоббарорро ичро мекунанд – онҳо бо МЭҲ бозӣ мекунанд. Ҳар як хонандаи дар тарафи чапи парта нишаста нақши МЭҲ-ро иҷро мекунад. Донишомӯзон чун мошини ҳисоббарор супоришҳоро зуд ва бехато иҷро мекунанд. Хонандагони дар тарафи рости парта нишастагиҳо нақши назоратчиро иҷро мекунанд. Онҳо рафти иҷроиши супоришҳоро назорат мекунанд.
Мошини ҳисоббарор аз қисмҳо (блокҳо) иборат аст. Ҳар як қисм амалиёти муайянеро аз рӯи схемаи додашуда иҷро мекунад. Муаллим пешакӣ схемаро (нақшаро) тайёр намуда, онро пешкаши хонандагон мекунад.
Хонандагоне, ки нақши назоратчиро иҷро мекунанд ба даромадгоҳи мошин, масалан адади 4-ро ворид месозанд. Сипас хонандагоне, ки нақши МЭҲ-ро иҷро мекунанд, аз рӯи нақшаи додашуда, ҳамаи ҳисоббарориҳоро анҷом дода, дар баромадгоҳи мошин варақаи даркории рақамдорро мегузоранд, ки он ҷавоби иҷрои супоришро ифода мекунад.

пешина
аз 108
навбатӣ