БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Бозии «Татрам»
Бо рафиқатон аз рӯи квадрати мазкур расмҳоро тартиб диҳед:
1.Коғаз ё картонро бо шакли квадрат буред;
2.Аз рӯи расми 1 онро тақсим карда шаклҳои геометриро ҳосил намоед;
3.Аз расмҳои бурида шакли ягон ашёро созед.
«Бозӣ бо чӯбчаҳо»
Мақсади бозӣ.
Аз чӯбчаҳои ҳисоб сохтани шаклҳои геометрӣ.
Шарти бозӣ.
«Дар ин бозӣ муаллим ду се нафар хонандаро ба назди тахтаи синф даъват намуда, ба онҳо тарзи иҷрои супоришро фаҳмонад. Сипае ба онҳо 6 - тоӣ чӯбчаи ҳисоб дода, супориш медиҳад, ки аз ин чӯбчаҳо шаклҳои геометрӣ созанд. Хонандае, ки аз ҳама зудтар шакли зеринро месозад, ғолиби бозӣ дониста мешавад.
Ин бозӣ ҳангоми омӯзиши мавзӯи ададҳои 3 ва 4 истифода бурда шуд. Бозии мазкурро мувофиқи мавзӯъҳои таълимӣ, ба миқдори гуногуни чӯбчаҳо ва сохтани шаклҳои гуногуни геометрӣ гузаронидан мувофиқи мақсад аст. Инчунин бозии мазкур фаъолияти фикронии хонандагонро бедор карда ҳангоми таълими маводҳои геометрй шаклҳои дигари ин бозиро гузаронидан аз фоида холӣ нест.
Аз расм порчаҳоро нишон диҳед:
Муаллим расмҳои зеринро дар тахтаи синф тасвир мекунад. Хонандагон аз расм порчаҳоро нишон медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё