Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Аммо агар сухан дар бораи тарбия равад, ҳар ду гурӯҳи бозиҳо ҳам аз аҳамият холӣ нестанд.
Дар ин ҷо сухан на дар бораи умуман бозӣ, балки бозиҳои дидактикӣ меравад. Бозиҳои дидактикӣ гуфта, бозиҳои таълимӣ ё омӯзиширо мегӯянд, ки дар ҷараёни дарсҳо, ё берун аз онҳо ташкил карда мешавад. Бозиҳои дидактикиро муаллим ба нақшаи дарс ҳамроҳ карда мувофиқи мазмуни дарс ва принсипҳои таълим, дар ин ё он мавриди дарс, мегузаронад.
Агар оддӣ карда гӯйем, бача бозӣ карда истода мехонад, бозӣ карда истода менависад, бозӣ карда истода нақлу сӯҳбат мекунад. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки кӯдак ба остонаи мактаб қадам гузошта рафтору кирдори пешинаашро яку якбора тағйир дода натавониста, боз ба бозӣ зиёдтар майл мекунад. Барои ҳамин ҳам ба муаллим зарур аст, ки дар дарсҳои худ бештар аз бозиҳо истифода барад. Бозиҳо фикр, ташаббус, хотира ва шуури кӯдакро икишоф дода, онҳоро аз хастагиву дилгиршавӣ бозмедоранд.
Бачаҳо, ки акнун ба хондану навиштан шурӯъ мекунанд, якбора ба душворӣ дучор мешаванд. Бача зӯр мезанад, ки чи тавр ҳарфҳоро ба якдигар омехта ҳиҷо ва ҳиҷоҳоро васл карда калима бихонад. Ин монеаро баъзе бачаҳо бо роҳбарии муаллим хеле тез, аз ҳафтаҳои аввал барҳам медиҳанд ва бомуваффақият пеш мераванд.
Вазифаи муаллим пеш аз ҳама ҳамин аст, ки аз рӯзҳои аввал шавқу ҳаваси бачаҳоро ба хондан ва ба он лаззате, ки инсон аз хондан мегирад, зиёд намояд. Ба бачаҳо ёрӣ расонад, ки душвориҳоро паси cap кунанд.
Истифодаи элементҳои бозиҳои дидактикӣ дар лаҳзаҳои гуногуни дарсҳои хондану навиштан, дурро наздик, мушкилро осон, мураккабро сода мекунад, ба бача рӯҳи тоза мебахшад.
Бозиҳои дидактикиро бо мақсадҳои гуногун истифода бурдан мумкин аст:

  1. Бо мақсади санҷиши зиракии хонанда; 2. Бо мақсади мустаҳкамкунии мавзӯъҳои гузашта. Масъалаҳои ҳазл, шеър – масъала.
    Бозиҳоро муаллим метавонад дар ҳар лаҳзаҳои дарс истифода баранд. Чӣ ҷои бадӣ дорад, ки бача каме нафас рост карда андаке дам гирад ва боз корро давом диҳад.
пешина
аз 108
навбатӣ