Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Ҳатто аз тарафи муаллим баён кардани ягон латифаи хурдакаки кӯдакона ва хандаи умум дар синф худ лаҳзаи дамгирҷ, лаҳзаи рӯҳбардорист.
Камбудии дигар дар он аст, ки бозиҳоро вобаста ба вақту замонашон намегузаронад, ташкил ва гузаронидани баъзе бозиҳо характери таваккалиро мегирад.
Барои боз ҳам мӯҳташаму дабдабанок гузаштан ҳини иҷрои ин ё он бозӣ аз ягон хел шеър, суруд истифода бурдан аз аҳамият холӣ нест.
Дар вақти гузаронидани дарсҳо дар синфҳои ибтидоӣ ман ба чунин вазъияте эътибор додам, ки бачагони хурдсол таълими якхеларо дӯст намедоранд. Онҳо аз методҳои кӯҳнаи таълим зуд дилгир мешаванд.
Фаҳмидам, ки қобилияти таълимгирии онҳо бо бозиҳо васеътар мешавад. Вақте, ки бача ба мактаб меояд, вай ҳаматарафа ба таълим вобаста мешавад. Албатта, ҳар як бача ҳам яку якбора ба омӯзиши фанҳо сарбаста шуда наметавонад. Барон осон кардани гузариши бача аз бозӣба таълим, ман дар дарсҳои худам аз ҳар хел бозиҳо истифода мебарам.
Дар натиҷа бача зуд мефаҳмад, зуд дар ёд медорад, зуд ҳал мекунад.
Бозиро на барои бозӣ кардан, балки барои бедор кардани қобилияти ҳавасмандӣ ва таҳаммулу тоқатнокии бача гузаронидан лозим.
Ҷаҳонбинии кӯдакону гурӯҳи хурдсолон ҳанӯз маҳдуд, шуурашон номукаммал (бемақсад), диққаташон ноустувор мебошад, бинобар ҳамин ба онҳо гузаронидани бозиҳои мазмунан сода ва на он қадар мураккаб тавсия карда мешавад. Чунонки, парандаҳо парвоз мекунанд ва ба лонаҳои худ бармегарданд, автомобилҳо ҳаракат мекунанд ва бо ишораи мураббӣ аз роҳ боз меистанд ва ба истгоҳашон бармегарданд.
Бачагон дар бозӣ иштирок карда бо касбу ҳунарҳои гуногун шинос мешаванд. Дар вақти бозӣ онҳо активона иштирок карда, мехоҳанд фурӯшанда, ронанда, баҳрнавард, харидор, пассажир шаванд. Албатта, дар вақти истифодаи бозӣ дар дарсҳо, набояд дар бораи мақсад ва барои чӣ лозим будани бозиро фаромӯш кард.
Дар вақти бозӣ ҳам бача хонандаи баодоб ё ин ки беодоб шуданаш мумкин. Дар ҳамин вақт бача ба худ аз берун нигоҳ мекунад. Албатта, хонанда ба худ хулоса мебарорад, ки чӣ хел бояд рафтор кунад.
Бояд дар ёд дошт, ки хонандагон дарсро фақат бо бозӣ нагузаронанд. Бозӣ дар вақтҳои даркорӣ гузаронида шавад. Дар дарс онҳо бояд лаҳзаина бошанд.

пешина
аз 108
навбатӣ