БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Бачаҳо ин шаклҳоро бо тарзи зерин тартиб медиҳанд.
Муаллим аз рӯи натиҷаи бозӣ саволу ҷавоб мегузаронад;
– Барои сохтани арча гӯгирчӯбҳоро чӣ хел гузоштед?
Барои сохтани арча ду гӯгирдчӯбро аз тарафи рост, дутои дигарашро аз тарафи чап ва яктоашро дар байн гузоштем.
– Барои сохтани дегча чӣ? ..
Барои сохтани дегча 4 дона гӯгирдчӯбро яктоӣ ба чор тараф ва аз қуллаи онҳо боз якто гӯгирдчӯбро гузоштем.
– Барои сохтани ду росткунҷа чӣ?
Барои сохтани ду росткунҷа се гӯгирдчӯбро вертикалй ва ду гӯгирдчӯбро горизонталӣ гузоштем.
Аз ин бозӣ бачаҳо мефаҳманд, ки таркиби адади 5 аз ададҳои 2, 2, 1; 4, 1; 3, 2; 2, 3; 1, 4 ва 1,1,1,1,1 иборат будааст.
Муаллим оҳиста - оҳиста машғулиятҳоро мураккабтар карда, баъд аз он ки талабагон бо шаклҳои геометрии секунҷа, росткунҷа ва квадрат шинос мешаванд, гузаронидани машқҳо – бозиҳои зерин мувофиқи мақсад аст (нигаред ба мисолҳои зер).
Аз чор гӯгирдчӯб квадрат созед
Азбаски гӯгирдчӯбҳо якхелаанд, хонандагон квадратро ба зудӣ месозанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё