Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Чанд чӯбча лозим аст, ки аз ду секунҷаи зерин се секунҷа созем?
Хонандагон чӣ тавре, ки дар нақша нишон дода шудааст, секунҷаро сохта баъд ба саволи муаллим якто чӯбча лозим аст, гӯён ҷавоб медиҳанд,

Сипас се секунҷаи зеринро ҳосил мекунанд.

Аз 7 дона гӯгирдчӯб се секунҷа созед

Ин бозӣ бо бозии “Чанд чрбча лозим аст, ки аз ду секунҷаи зерин се секунҷа созем?” монанд аст. Бо вуҷуди он аз хонандагон фикр карданро талаб мекунад, ки чӣ тавр аз 7 дона гӯгирдчӯб сесекунҷа созанд.
Хонандагон аввал аз 5 чӯбча ду сукунӣа сохта, сонӣ 2 ё 1 чӯбчаро ҳамроҳ мекунанд.
Аз 12 дона гӯгирдчуб 4 квадрат созед

Ду дона гӯгирдчӯбро тавре гиред, ки ду росткунҷа хосил шавад.
Хонандагон аввал ба шакли зсрин 4 квадрат месозанд. Баъд аз байни онҳо ду дона гӯгирдчӯбро тавре мегиранд, ки ду росткунҷа хосил шавад. Чӯбчаҳои гирифташударо бо хатҳои штрихдор тасвир мекунем.

Аз 12 дона гӯгирдчӯб 3 квадрат созед
Ҷои 3 чӯбчаро тавре иваз кунед, ки се квадрат ҳосил шавад.

Аз 12 дона гӯгирдчӯб 4 квадрат созед

Ҷои 4 дона гӯгирдчӯбро тавре иваз кунед, ки се квадрат ҳосил шавад. Хонандагон аввал 4 квадрат месозанд, сонӣ 4 дона гӯгирдчӯбро тавре мегиранд, ки се квадрати зерин ҳосил мешавад.

пешина
аз 108
навбатӣ