БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Тарбияи ҷисмонӣ Бозиҳои тоҷикӣ барои синфҳои якум Бозиҳои ғайригурӯҳӣ Ҳабубибозӣ Ҷои бозӣ. Бозиро дар боғ, саҳни ҳавлӣ, зал ва майдончаҳо гузаронидан мумкин аст.
Тайёрӣ ба бозӣ. Раҳбари бозӣ бачагонро ба се-чор гурӯҳи 6-8 касӣ тақсим карда, яктоӣ барандаи бозӣ интихоб мекунад.
Ҳар як гурӯҳ даст ба даст гирифта доира месозанд. Барандаи бозӣ бошад дар мобайни доира меистад. Дар атрофи майдон хатҳои муайян муқаррар карда мешавад. Бозингарон шеъри зеринро хонда-хонда, ба тарафи рост ва чап чарх мезананд:
Хабубӣ, бубӣ-бубӣ,
Дастам гули сабубӣ
Ҳаво-ҳаво дорад,
Барги сафед дорад.
Осмон пури ситора,
Дар дасти мо пиёла.
Пиёлая чояш не,
Ҳамроқула тобаш не.
Барандаи бозӣ шеърро бодиққат гӯш карда, сухани охиринро нигарон шуда меистад. Бозингарон дар баробари мисраи охиринро хонда тамом кардан дастҳоро сар дода мегурезанд. Барандаи бозӣ бошад кӯшиш мекунад, ки яке аз бозингаронро даст гирад ё ки даст расонад.
Агар то ҷои муқарраршуда бозингареро дастгир кунад, ҷояшро иваз мекунад. Бачае ки тез бозингарро дорад ё бачае, ки ба даст наафтад, ғолиб ҳисобида мешавад.
Акал – ду кал Ҷой ва асбоби бозӣ. Бозӣ дар зал, майдон, рӯи ҳавлӣ боғ гузаронида мешавад.
Тайёрӣ ба бозӣ. Як бозингарро баранда интихоб мекунанд. Бозингарон давра гирифта, пояшонро ба пеш дароз карда менишинанд.
Раванди бозӣ: барандаи бозӣ бо ҳамроҳии раҳбар суханҳои зеринро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё