БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Ба хонандагон дар давоми дарс бояд баҳо гузошта шавад. Аммо дар синфи 1-ум дар давоми ним сол ба хонандагон баҳо гузошта намешавад. Бача аз рӯзи якуми мактабхониаш баҳои гирифтаашро пурсон мешавад: «Ман баҳои чанд гирифтам?», «Баҳои чанд мондед?». Аз ҳама душвораш ин аст, ки бача аллакай дар хона тайёр буд, ки вай дар мактаб баҳо мегирад. Дар синфи якум барои баҳогузорӣ мо бозии «Муаллим ва талаба»-ро иҷро мекунем. Тавассути ин бозӣ бача аз синфи якум ба худ баҳодиҳиро меомӯзад.
Хуллас, бозӣ яке аз методҳои нави таълим аст. Дар дарс чи қадре, ки бозиҳои ба мавзӯъ наздикро гузаронем, қобилияти фикркунӣ, дарккунӣ ва мустақилфикркунии хонанда ҳамон қадар тезтар инкишоф меёбад.
Аз ин рӯ ман дар дарсҳоям бештар ба яке аз намудҳои ғайристандартии дарс – «дарс – бозӣ» эътибори ҷиддӣ медиҳам. Дар давоми кори омӯзгориам ман ба чунин хулоса омадам, ки хонандагонро бо методҳои кӯҳна таълим додан мушкил аст. Бояд онҳоро бо намудҳои нави дарс таълиму тарбия кунем. Ва дар ин соҳа хонандагонро бо ёрии бозиҳо таълим додан бештар самара медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё