БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа
Бачаи бало канӣ? - гуфта, бозингаронро пеш мекунад. Бозингарон кӯшиш мекунанд, ки аз ӯ дур шаванд. Аз кадом тараф овоз барояд, барандаи бозӣ ба ҳамон тараф меравад. Бозингарон бошанд, суруди зеринро такрор мекунанд:
Бибӣ, бибича-е,
Палаки замуча-е,
Нуқранамакдон-е,
Сӯзани тилло-е,
Савғои бобо-е,
Канӣ, дар дастаки кист?
Канӣ, дар ҷайбаки кист?
Баранда бозингаронро дастгир карданӣ мешавад. Кадом бозингареро, ки дастгир кард, ҷойро иваз мекунанд. Ҳамин тавр, бозӣ давом мекунад.
Бозии “Парид-парид” Ҷои бозӣ: бозӣ дар боғ, ҳавлӣ, зал ва майдончаҳо гузаронида мешавад.
Тайёрӣ ба бозӣ. Роҳбар бозингаронро давра шинонда сардор таъин мекунад. Баъд шарти бозиро гуфта медиҳад. Сардор ин шартҳоро ба ҳисоб гирифта назорат мекунад, ки бозингарон онҳоро дуруст иҷро намоянд.
Рафти бозӣ. Мувофиқи шарт, агар сардор номи ягон паррандаро ба забон гирифта “парид” гӯяд, бозингарон бояд як ё ҳар ду дастҳояшонро боло бардоранд. Касе, ки хато кунад, ягон шартро иҷро мекунад (масалан, мерақсад). Ҳамин тавр сардор бозиро сар мекунад.
– Мусича парид, - мегӯяд. Ҳама дасти росташро мебардорад.
– Сӯзанак парид! - мегӯяд.
– “Булбул парид”, “Майна парид” - гуфта, ба бачаҳо менигарад, ки онҳо бехато иҷро мекунанд. Баъд мегӯяд:
– Гӯсфанд парид.
Касе аз бозингарон даст намебардорад.
Боз:
– Лаклак парид! - мегӯяд, ки ҳама даст мебардоранд. Сардор боз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё