Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

(Анор)
Ин бузи мо тар шудааст,
Сурх кун шакар шудааст.
(Тарбуз).

Миқдор ва ҳисоб

Бозии муоширатӣ, тасвирӣ ва худхизматрасонӣ.
Мақсад: муайян карда тавонистани рақам аз рӯйи адади ашё. Аниқ кардани мавқеъ, дар фазо ва ҳамворӣ. Ифода карда тавонистани байни ҳам ҷойгиршавии ашё ва самти ҳаракати онҳо. Тавонистани гулмонӣ бо чанд усул, баҳо додани кори ҳамгурӯҳон, фикри худро бо далелҳо тасдиқ карда тавонистан ва ғайраҳо.
Маводи тақсимшаванда: варақаҳо, ҷисмҳо (фигураҳои геометрӣ, чӯбчаҳои ҳисобкунӣ, чоркунҷа аз коғази зарди паст ва сафед, коғази ранга барои буридани гулҳои ородиҳии қолин.
Равиши машғулот:
Бачаҳо, биёед ба Зебои соҳибҷамол барои бофтани қолини сеҳрнок ёрӣ мерасонем.
Мураббӣ ба бачаҳо муроҷиат карда мегӯяд: Ҳоло бошад ҳар кадоми шумо ба назди миз омада яктоӣ варақҳои нуқтадорро мегиред. Ман савол медиҳам, шумо дар ҷавоб ҳамон варақаҳоро нишод медиҳед, ки ҷавоби дуруст аст.
а) Гурба чанд пой дорад?
б) Харгӯшак чанд гӯш дорад?
в) Мотоцикл чандчарха мешавад?
Акнун бачаҳо ба ин расм нигаред ва нақл кунед, ки чӣ дар куҷо ҷойгир шудааст, дар нақл ин калимаҳоро истифода баред (аз чап, аз рост, дар байн, дар пеш, дар қафо).
Ба яке аз хоначаҳо роҳ баред, барои дуруст бурдани роҳ барои шумо ин нома ёрӣ мерасонад.
Дар нома чизе навишта шудааст, фақат хатчаи роҳнамо ҳаст, аз рӯйи он аз поён ба самти боло ҳаракат карда, ба тарафи рост гаштан лозим.
Мураббӣ диққати бачаҳоро ба худ ҷалб карда мегӯяд: бачаҳо ҳоло бошад, мо аз қоғазҳои ранга гулҳо мебурем ва онҳоро бо ширеш ба рӯйи чоркунҷа мечапонем.

пешина
аз 108
навбатӣ