Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон
Аз аввал хондан

Бозичаҳо инчунин, барои рушди идроки шунавоӣ, биноӣ, ҳаракати дасту панҷаҳо, мушакҳои бадан мадад мерасонанд.
Мувофиқи истифодабарии бозичаҳо дар намудҳои гуногуни бозиҳо гурӯҳбандӣ карда шудааст. Бояд қайд кард, ки чунин гурӯҳбандӣ тахминӣ аст, чунки ҳар як бозича новобаста ба ин ё он гурӯҳ мутааллиқ будан, дар якчанд вазифа истифода бурда мешавад. Аз ҷумла:

  1. Бозичаҳои мазмундор.

  2. Бозичаҳои дидактикӣ-таълимӣ.

  3. Бозичаҳои техникӣ.

  4. Бозичаҳои сохтмонӣ ва тарҳсозӣ.

  5. Бозичаҳои варзишӣ.

  6. Бозичаҳои мусиқӣ.

  7. Бачаҳои саҳнавикардашуда.

  8. Бозичаҳои дилхушкунанда.

  9. Бозичаҳои дастисохт.

  10. Бозичаҳои мазмундор:

Аз номашон бармеояд, ки онҳо ба худ мазмуни хос дошта симо, шакли одамон, ҳайвону парандаҳо ва ашёи атрофро инъикос менамоянд ва диққати кӯдаконро ба худ ҷалб мекунанд. Ба ин гурӯҳ чунин бозичаҳо дохил мешаванд: лӯхтакҳо, ҳайвонҳо, парандаҳо, намудҳои нақлиёт, зарфҳо, ҷиҳози хона ва ғайраҳо, ки кӯдакро иҳота кардаанд.

  1. Бозичаҳои дидактикӣ – таълимӣ:

Барои тарбияи фикрӣ ва таълимгирии кӯдакон тавсия карда мешаванд. Теъдоди зиёди онҳоро бозичаҳои мазмундор, )лӯхтак бо либосҳо барои чор фасли сол, сагчаҳо ва ғайра) ташкил мекунанд. Инчунин мозайикаҳо, бозиҳои рӯйимизӣ; (домино, лото, шашка) бозичаҳои ба қисмҳо тақсимшаванда, низ ба гурӯҳи бозичаҳои дидактикӣ дохил мешаванд.

пешина
аз 108
навбатӣ