Зеҳн
Се афсона

Маҷмӯаи се афсонаи халқи тоҷик буда, барои наврасону кӯдакон пешбинӣ шудааст. Онҳо хонандагонро ба некӣ, саховат ва қаҳрамонӣ ҳидоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 19 саҳифа

КӯдаконАфсона
Аз аввал хондан

— Ин тавр бошад, рав! — маслиҳат медиҳад канизак. — Дев хобидааст. Бубин, агар ҳар ду чашмаш кушода бошад, хобаш бурдагӣ, халтачаро аз таги сараш оҳистекак гиру гурез, агар якто чашмаш кушодагӣ бошад, бедор аст, зуд қафо гард.

Духтар рафта мебинад, ки ҳар ду чашми дев кушода. Оҳиста ба ӯ наздик мешаваду аз таги болишташ халтачаро гирифта мегурезаД. Дев якбора бедор шуда, фарёд мекунад:
— Ӯй канизакон, дуздро дастгир кунед!

— Не, — мегӯянд канизакон, — мо ӯро дастгир намекунем, ӯ ба мо нағзӣ карда, остинча дӯхта дод!
— Ӯй аспон, шумо ӯро доред! — мегӯяд дев.

— Не, мо намедорем, — мегӯянд аспон, — ту ба мо устухон медодӣ, ӯ ба мо нағзӣ карда беда дод!
— Ӯй сағҳо, шумо ӯро қапед! — фармон медиҳад дев.

— Не, — мегӯянд сағҳо, — ту ба мо беда медодӣ, ӯ ба мо нағзӣ карда устухон дод!
— Ӯй дарвоза, ту ӯро қап! — фармон медиҳад дев.

пешина
аз 19
навбатӣ