Зеҳн
Се афсона

Маҷмӯаи се афсонаи халқи тоҷик буда, барои наврасону кӯдакон пешбинӣ шудааст. Онҳо хонандагонро ба некӣ, саховат ва қаҳрамонӣ ҳидоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 19 саҳифа

КӯдаконАфсона
Аз аввал хондан

ҲЕЗУМКАШ ВА МОР

Буд набуд, як марди ҳезумкаш буд. Вай ҳар рӯз ба ҷангал рафта, ҳезум тайёр мекарду онро пуштора карда, ба бозор оварда мефурӯхт. Ба пули ҳезум хӯрокворӣ ва пӯшок харида, зиндагониашро мегузаронд.

Як рӯз ҳезумкаш ба ҷангал рафта мебинад, ки як тарафи он сӯхта истодааст. Наздиктар рафта нигоҳ мекунад: як мор дар байни оташ мондааст. Мор худро ба чор тараф мезанаду барои халосиаш роҳ ёфта наметавонад.

Ҳезумкаш раҳмаш омада, халтаашро мекушояд ва ба нӯги як асои дароз баста, ба даруни оташ, ба сӯйи мор хам мекунад, мор чолокона ба даруни халта медарояд ва ҳезумкаш халтаро кашида гирифта морро аз марг халос мекунад.

Мор ба ҷойи он ки раҳмат гуфта, ба ҳезумкаш миннатдорӣ баён кунад, ба вай бад-бад назар карда, аз қафояш омадан мегирад. Ҳезумкаш аввал гумон мекунад, ки мор барои нағзии кардагиаш ба вай хизмат кардани аст ва аз ин сабаб аз қафояш омада истодааст. Ҳезумкаш куҷое, ки равад, мор ҳам аз пайи ӯ омадан мегирад.

Ҳезумкаш тааҷҷуб намуда, аз мор мепурсад:
— Аз чӣ сабаб ту аз пайи ман омада истодай?
Мор сари худро боло карда, забони сиёҳу борики худро бароварда мегӯяд:
— Ман мехоҳам, ки туро газам!
Ин гапро шунида, Ҳезумкаш тамоман дар ҳайрат мемонад.

пешина
аз 19
навбатӣ