Се афсона

Маҷмӯаи се афсонаи халқи тоҷик буда, барои наврасону кӯдакон пешбинӣ шудааст. Онҳо хонандагонро ба некӣ, саховат ва қаҳрамонӣ ҳидоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 19 саҳифа
— Ман ба ту нағзӣ карда, ҷонатро халос кардам, магар ба нағзӣ бадӣ меояд, ки ту маро газиданӣ ҳастӣ?! — мепурсад ӯ.
— Бале, — мегӯяд Мор, — то нагазам, хотирам ҷамъ, рӯҳам ором намешавад.
Ҳезумкаш роҳи аз ин махлуқи ноинсоф халос шуданро фикр мекунад. Фикр мекунад, фикр мекунаду ба Мор рӯй гардонда мегӯяд:
— Хайр, майлаш, ман розӣ. Ту маро газ. Лекин аввал ҳар дуи мо шарт мекунем. Агар шартро буррӣ, маро мегазӣ, набуррӣ не.
— Хайр, шартатро гӯй! — мегӯяд Мор.
— Шарти ман ҳамин, ки ҳозир ҳардуямон рафтан мегирем. Дар роҳ аз се чизи вохӯрдагиамон мепурсем, ки «магар ба нағзӣ бадӣ меояд?» Агар ду ё сеи онҳо «ҳа» гӯянд, ту маро мегазӣ, агар ду ё сеи онҳо «не» гӯянд, ту маро намегазӣ.
Мор розӣ мешавад, ҳар ду рафтан мегиранд.
Онҳо рафта истода, дар роҳ ба як Барзагов вомехӯранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё