Зеҳн

Парандаҳо

Донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар бораи парандаҳо, тарзи зиндагӣ, хусусиятҳои ғизо, муносибат, афзоишу инкишоф, рангорангӣ ва ҷанбаҳои аҷиби зиндагии онҳоро дар бар мегирад. Бештаре аз маводди ин китоб бо такя ба маводи исботшудаи илмӣ таҳия шудаанд.

1 аъзоаз 7 ноябри 2026
Мақола

Чаро парандаҳои кӯчӣ саф кашида парвоз мекунанд?

Дар натиҷаи парвози дурудароз парандаҳо барои сарфа намудани неру мутобиқ шудаанд. Бисёр парандаҳо, масалан, ғозу турнаҳо саф кашида парвоз мекунанд. Ин тарзи парвоз барои рафъ сохтани муқовимати ҳаво муҳим аст. Парандаи аввал ҳаворо чок карда, дар натиҷаи болафшонӣ аз оғӯши мавҷи ҳаво роҳ мекушояд, ки ин амал барои парвози парандаи дуюм неруи иловагӣ мебахшад; парандаи дуюм дар навбати худ парвози парандаи сеюмро осон менамояд ва ғайраҳо. Ҳамин тавр, ҳамаи парандаҳо, ба ғайр аз парандаи якум, кумаки иловагӣ мегиранд. Агар парандаи якум хаста шавад, ҷои онро парандаи дигар иваз мекунад.

0

Кӯчбандии парандаҳо

Одамон солҳои дароз ба тааҷҷуб меафтоданд, ки чаро парандаҳо дар кишвари онҳо тобистон ё зимистон пайдо мешаванд. Баъди як ё ду мавсим зистан соли дигар онҳо парида мераванд. Парандаҳои кӯчӣ зимистон ба ҷойҳое парвоз мекунанд, ки ғизо бисёр ва шароити зиндагӣ мусоид аст. Онҳо тобистон боз ба кишвари доимии зисташон парида меоянд, то ки чӯҷа бароварда, онҳоро парвариш кунанд. Кӯчбандии ҳарсолаи парандаҳоро ҳиҷрати мавсимӣ меноманд.

0

Чаро парандаҳои тездав бештар дар ҷазираҳои дур зиндагӣ мекунанд?

Бисёр парандаҳои даванда сокини ҷазираҳои дуранд. Як замоне гузаштагони онҳо аз дигар қитъаҳои олам ба ин ҷо парида омадаанд. Дар ин ҷазираҳо пештар дарандаҳо вуҷуд надоштанд. Бинобар ин, барои парандаҳо зарурати парвозу худро аз дарандаҳо ҳимоя кардан набуд. Дар рафти таҳаввулот наслҳои ояндаи онҳо тадриҷан қобилияти парвозро гум кардаанд. Мутаассифона, вақте ки ин ҷазираҳоро одамон кашф карда, ба он ҷо сокин шуданд, парандаҳои даванда дар назди онҳо оҷиз монданд. Дертар саршумори онҳо рӯ ба камшавӣ овард.

0

Нанду чӣ тавр зиндагӣ мекунад?

Нанду шутурмурғи аз ҳама калони Амрико аст. Қади он 1,5 м ва вазнаш то 50 кг аст. Нандуҳо асосан дар даштҳои сералафи Аргентина ва Бразилия гала шуда зиндагӣ мекунанд. Ғизои онҳо баргу мева ва решаи рустаниҳост. Дар баъзе ҳолатҳо калтакалос ё кирмҳоро ҳам фурӯ мебарад. Нандуҳои нарина дар парвариши чӯҷаҳо меҳрубонанд. Онҳо баъзан то 80 дона тухми модинаашонро зер мекунанд ва чӯҷаҳоро нигоҳубин менамоянд.

0

Парандаҳои тездав болҳояшонро истифода мебаранд?

Ҳамаи парандаҳо, ҳатто парандаҳои даванда бол доранд. Шутурмурғи африқоӣ ҳангоми сахт давидан барои хунук кардани бадан бол меафшонад. Вақте ки нанду тухм мехобонад, бо болҳояш рӯи онро мепӯшонад. Киви болҳояшро қариб тамоман истифода намебарад. Дарозии боли киви аз 5 см зиёд нест ва ба баданаш часпидааст. Казуарҳо ба ҷои бол хорҳои дароз доранд, ки меҳвари шаклдигаркардаи шоҳпарро ба хотир меоранд. Пингвинҳо бо ёрии бол дар об хуб шино мекунанд.

0

Эму аз дарандаҳо чӣ тавр раҳо меёбад?

Эму як навъи шутурмурғ аст, ки хеле тез медавад. Эму, шутурмурғ, нанду, казуар бо вуҷуди бол доштанашон нисбат ба дарандагон тездаву чолоктар мебошанд. Агар дарандаи тавоно наздик ояд, онҳо чобукона душманро бо пойи пурқувваташон зада дур месозанд. Дар Австралия зиёда аз як миллион эму боқӣ мондааст.

0

Парандаҳои тездав

Гарчанде парвоз барои парандаҳо имкони фаровону афзалиятҳои зиёди зиндагӣ медиҳад, вай бо сарфи афзуни неру вобаста аст. Бинобар ин, баъзе парандаҳо қобилияти парвозро гум намуда, тездавиданро пеша кардаанд. Вале дар рӯи Замин бо вуҷуди тездав будан аз чанголи дарандаҳо раҳоӣ ёфтан душвор аст.

0

Паранда чӣ тавр парвоз мекунад?

Ҳангоми парвоз турнаҳо мисли парандаҳои дигар мушакҳои сари синаашонро кашида, болҳояшонро мефуроранд. Парраҳои бол ҳаворо ба поёну боло ва қафо тела медиҳанд. Дар ин маврид турна парвозкунон ба пеш ва боло ҳаракат мекунад. Мушакҳои нисбатан хурду калон мувозинати танро нигоҳ дошта, таконхӯрии болро осонтар менамоянд. Дар вақти афшондани бол аз қабати парҳо як қисми ҳаво гузашта, муқовимати парвозро кам месозад. Ҳангоми парвоз паранда бо ёрии думаш, ки вазифаи чапу рост гаштанро иҷро мекунад, тоб мехӯрад.

0

Досак тезпарвозтар аст ё фароштурук?

Досак аз оилаи болдарозҳо ва фароштурук аз оилаи гунҷишкшаклон аст. Болҳои досак ҳангоми парвоз мисли дос намудор мешаванд, аз ин рӯ «досак» ном гирифтааст. Досак ҳангоми парвоз ғизо мехӯрад, об менӯшад, оббозӣ мекунад, ҷуфт мешавад ва ҳатто баъзан хоб ҳам меравад. Ҷуссаи ӯ аз фароштурук калонтар ва думаш кӯтоҳтар аст. Фарқияти дигари онҳо дар сафед будани шиками фароштурук аст. Суръати парвози досак хеле тез буда, то ба 160 км/соат мерасад. Суръати парвози фароштурук 50–60 км/соат аст.

0

Парандаҳо чӣ тавр ба замин мефуроянд?

Ба рӯи шохча ё ягон ҷои дигар аз ҳаво парвозкунон бошасту рост фуромадан осон нест. Агар паранда то ба шохча расиданаш бо суръати тез парида ояд, пас хато карда ба навдаҳо бармехӯрад. Кабӯтар ҳангоми нишастан думи бодбезакмонанд ва нӯги болҳояшро чун тормоз истифода мебарад. Вай суръаташро суст карда, дар болои нишемангоҳи интихобкардааш каме муаллақ меистад.

0

Парандаи тезпарвоз кадом аст?

Дар байни парандаҳо шоҳин аз ҳама тез парвоз мекунад. Вақте ки он ҷониби сайди дар ҳаво буда сарнишеб мефурояд, суръати парвозаш ба 320 км/соат мерасад. То ба туъма наздик шудан, шоҳин чанголашро пеш ёзонида, ба тани сайд сахт мехалонад. Ҳангоми парвози уфуқӣ суръати парвози гага ном паранда бештар аст (76 км/соат). Суръати парвози парандаҳои зебои баҳрӣ – фрегатҳо ба 150 км/соат баробар мебошад.

0

Парвоз

Ҷисми парандаҳо барои парвоз хуб мутобиқ шудааст. Устухони бадани онҳо сабуку мустаҳкам, мушакҳои сари синаашон бақувват мебошанд. Бадани парандаҳо бо пар пӯшида шудааст. Пойҳои пеши онҳо бо гузашти айём ба бол табдил ёфтаанд. Пару боли парандаҳо гуногун аст. Аз рӯи шаклу дарозии бол тарзи парвоз ва усули ҳаётгузаронии парандаҳоро муайян кардан чандон душвор нест.

0

Оё парандаҳои соҳибчангол сайди аз худ калонро бардошта метавонанд?

Баъзе парандаҳои соҳибчангол хеле боқувват мебошанд ва сайди аз худашон калонтарро бардошта парвоз мекунанд. Чунончи, гарпия ном парандаи соҳибчангол, ки дар Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ сукунат дорад, маймуни аз худаш қариб ду баробар калонро бардошта мебарад. Соли 1932 дар Норвегия уқоб духтарчаи 4-соларо бардошта ба ҳаво мехезад. Хушбахтона, одамон уқобро тарсонда, духтарчаро раҳо сохтанд.

0

Кадом парандаҳо табиатро тоза нигоҳ медоранд?

Дар табиат ғайр аз парандаҳои соҳибчангол парандаҳое низ мавҷуданд, ки ғизои онҳо лоша аст, масалан, каргас, лошахӯр ва ғайраҳо. Лошаи гандидаро хӯрдани парандаҳо барои тозагии табиат бисёр муҳим аст. Онҳо лошаҳоро фурӯ бурда, чун дидбонҳои тозакор ба ифлос шудани муҳити зист ва паҳн шудани бемориҳо роҳ намедиҳанд. Каргас тамоми рӯз дар болои дашту даман парвоз карда, бо чашмони тезбинаш дар рӯи замин лоша мекобад. Тӯдаи каргасҳо дар як муддати кӯтоҳ ҷасади ҳайвони мурдаро батамом хӯрда, аз он танҳо устухонпораҳоро боқӣ мегузоранд.

0

Чаро парандаҳо санг фурӯ мебаранд?

Парандаҳо баробари ғизо сангчаҳои майда (гастролитҳо)-ро низ фурӯ мебаранд. Азбаски онҳо дандон надоранд, ғизои фурӯбурдаашон дар қисми мушакии сангдон соиш ёфта, майда ва ҳазм мешавад.

0

Майнаҳои рӯи говмешон чӣ гуна парандаанд?

Дар тахтапушти говмеш, каркадан, заррофа, гӯрхар ва ғизол аксар вақт майнаҳо менишинанд. Онҳо кана ва кирминаи магасҳоро аз рӯи пӯсти ҳайвонот чида мехӯранд.

0

Оё парандаҳо барои дарёфтани ғизо ягон ҳила меҷӯянд?

Гунҷишки ҷангалӣ бо нӯлаш хаси сахт ё хори дарозеро дошта, ба сӯрохи лонаи ҳашарот мехалонад ва кирминаи онҳоро берун оварда мехӯрад. Лошахӯрҳо тухми шутурмурғро хеле дӯст медоранд. Онҳо пӯсти тухмро бо нӯл шикаста наметавонанд. Бинобар ин, тухмро ба ҳаво бардошта, рӯи сангҳо мепартоянд.

0

Ғизои парандаҳо

Парандаҳо ҳангоми парвоз неруи зиёд сарф мекунанд. Барои барқарор кардани неруи худ онҳо ба ҷустуҷӯи ғизо баромада, бисёр саргардон мешаванд. Бисёрии парандаҳо меваю тухми рустаниҳоро мехӯранд, зеро дарёфтани он осонтар аст. Вале парандаҳои ҳашаротхӯр ва даранда (соҳибчангол) низ барои дарёфтани туъмаашон вақти кам сарф намекунанд. Пайдо кардани ғизо барои онҳо душвортар бошад ҳам, таркиби туъмаашон лазизу нерубахштар аст.

0

Доираи биниш чист?

Доираи биниш ин масоҳатест, ки ҷонварон паҳноӣ ва бару дарозии пеши рӯяшонро бо ҳар ду чашм дида метавонанд. Доираи биниш ҳар қадар фарох бошад, ҷонварон андоза ва масофаи ашёро ҳамон қадар возеҳтар мебинанд. Чашми чуғзҳо рост ба пеш менигарад, бинобар ин, онҳо масоҳати паҳноиаш баробари 60–70 дараҷа ва дурро хуб дида метавонанд. Чашми гунҷишкҳо дар паҳлу ҷойгир шудааст. Аз ин сабаб доираи диди онҳо хеле васеъ буда, масоҳати паҳноиаш то 300 дараҷаро дида метавонанд, вале фосилаи дурии бинишашон дар ин маврид ҳамагӣ 10–30 дараҷаро фаро мегирад. Доираи биноии одам ба 200 дараҷа мерасад ва фосилаи дурии биниш 150 дараҷаро фаро мегирад.

0
ПарандаҳоЗеҳн14 рӯз пеш

Калибрӣ — хурдтарин парандаи ҷаҳон

Калибрӣ (Trochilidae) аз ҷумлаи хурдтарин ва зеботарин парандагони ҷаҳон ба шумор меравад. Ин парандаҳои хурдакак бо қобилияти парвози тезу чолок ва рангҳои дурахшони худ фарқ мекунанд. Калибриҳо асосан дар Амрикои Ҷанубӣ, Марказӣ, Шимолӣ ва ҷазираҳои баҳри Кариб вомехӯранд. Баъзе намудҳои онҳо чунон хурданд, ки аз гул каме калонтар менамоянд. Вазни калибриҳо вобаста ба намудашон тақрибан аз 1,6 то 20 грамм ва дарозии баданашон аз 5 то 23 сантиметр мебошад. Пари калибриҳо дорои рангҳои дурахшон ва ҷилои металлӣ буда, дар зери нурҳои офтоб боз ҳам зеботар менамояд. Сарфи назар аз ҷуссаи хурди худ, калибриҳо қобилияти аҷиби парвоз доранд. Онҳо метавонанд ҳам ба пеш ва ҳам ба қафо парвоз кунанд, инчунин дар як нуқта, гӯё дар ҳаво овезон бошанд. Баъзе намудҳои онҳо ҳангоми парвоз ба суръати хеле баланд мерасанд. Хурдтарин парандаи ҷаҳон калибрии занбӯри асал (Bee Hummingbird) мебошад, ки номи илмии он Mellisuga helenae аст. Ин паранда танҳо дар Куба ва ҷазираи Исла-де-ла-Хувентуд зиндагӣ мекунад. Дарозии бадани он тақрибан 5–6 сантиметр буда, вазни наринааш ҳамагӣ 1,6–2 грамм аст. Калибриҳо аз шаҳди гулҳо ғизо мегиранд ва дар гардолудшавии бисёр намудҳои растаниҳои гулдор нақши муҳим мебозанд. Аз ин рӯ, онҳо барои нигоҳ доштани гуногунии биологӣ ва мувозинати табиат аҳаммияти калон доранд.

0