Парандаҳои тездав болҳояшонро истифода мебаранд?
Ҳамаи парандаҳо, ҳатто парандаҳои даванда бол доранд. Шутурмурғи африқоӣ ҳангоми сахт давидан барои хунук кардани бадан бол меафшонад. Вақте ки нанду тухм мехобонад, бо болҳояш рӯи онро мепӯшонад. Киви болҳояшро қариб тамоман истифода намебарад. Дарозии боли киви аз 5 см зиёд нест ва ба баданаш часпидааст.
Казуарҳо ба ҷои бол хорҳои дароз доранд, ки меҳвари шаклдигаркардаи шоҳпарро ба хотир меоранд. Пингвинҳо бо ёрии бол дар об хуб шино мекунанд.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




