Ғизои парандаҳо
Парандаҳо ҳангоми парвоз неруи зиёд сарф мекунанд. Барои барқарор кардани неруи худ онҳо ба ҷустуҷӯи ғизо баромада, бисёр саргардон мешаванд.
Бисёрии парандаҳо меваю тухми рустаниҳоро мехӯранд, зеро дарёфтани он осонтар аст. Вале парандаҳои ҳашаротхӯр ва даранда (соҳибчангол) низ барои дарёфтани туъмаашон вақти кам сарф намекунанд. Пайдо кардани ғизо барои онҳо душвортар бошад ҳам, таркиби туъмаашон лазизу нерубахштар аст.
0
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




