
Саломатӣ
Саломатӣ яке аз арзишҳои муҳимтарини ҳаёти инсон ба шумор меравад. Он ҳолати некӯаҳволии ҷисмонӣ, равонӣ ва иҷтимоии шахсро дар бар мегирад. Шахси солим метавонад фаъолона таҳсил кунад, кор намояд ва дар ҳаёти ҷомеа саҳми арзанда гузорад.
АҲАМИЯТИ МЕЪДА ДАР САЛОМАТИ ВА САБКИ ЗИНДАГӢ.
Агар мехоҳед дар кор ва фаъолиятҳои рӯзмарраи зиндаги, дар ҳар шуғле ки ҳастед муваффақ шавед, аз меъдаи худ кумак бигиред! Меъда, муҳимтарин узви бадани инсон аст. Бемори ё тандурустии ҳар шахс вобаста ба амалкарди меъда мебошад. Ба иборати дигар меъда, ё хонаи тамоми бемориҳост ва ё маркази шифо ва дармони тамоми бемориҳо. Ва далели ин сухан ин аст ки, вақте ғизо хурда мешавад, ғизо дар меъда табдил ба "хилт" мешавад. хилт, табдил ба "хун" мешавад, хун, ғизои аъзои (organ) бадан мешавад, ғизои аъзо, қувват ва энержии баданро таъмин мекунанд, энержиро инсонҳо ҳам барои корҳои физики харҷ мекунанд, ва ҳам барои корҳои зеҳнӣ ва равонӣ... Агар матлаби болоро мутаваҷҷеҳ шуда бошед, пас бояд бо таваҷҷӯҳ ба шуғл ва фаъолиятҳои рӯзмарра, ғизои худро интихоб кунед, Агар корҳои физики ва сахт анҷом медиҳед, пас бояд ғизоҳои "хушк мизоҷ" бояд масраф кунед ки ин ғизоҳо ҳам шуморо сер нигоҳ медоранд ва ҳам азулоти бадани шуморо қавӣ мекунанд. (Мисли анвоъи гӯштҳо ва ғизоҳои сангин ки дар бадан қуввати ҳайвони эҷод мекунад) Агар мехоҳед корҳои зеҳнӣ ва мутолиоти анҷом диҳед, бояд аз ғизоҳои "тар мизоҷ" ки тақвият кунандаи мағз ҳастанд истифода баред. (Мисли: шир ва ғизоҳои латиф ки ҳам қудрати зеҳниро афзойиш диҳад ва ҳам барои ҳазмаш ниёз ба таҳарруки физики надошта бошад.) Агар мехоҳед ҳам аз ҷисм ва ҳам аз фикр кор бикашед, аз ғизоҳо ва нӯшиданиҳои бо "мизоҷи гарм" истифода баред. (Мисли: асал, хурмо, гуштҳои обпаз шуда ва ғайра ки ҳам қуввати ҳайвони дошта бошад ва ҳам қуввати зеҳни.) Яке аз аслитарин далели номуваффақият дар корҳои рӯзмарра, риоят накардани ҳамин масъала аст! Хеле хандаовар аст ки шахс ғизоҳои тақвият кунандаи зеҳн бихӯрад, вале дар амал аз қудрати бадан кор бикашад, ё шахсе бо хӯрдани ғизоҳои тақвият кунандаи зеҳн, бихоҳад корҳои сахти ҷисмонӣ анҷом диҳад. Ба ҳамин хотир илми "мизоҷшиносӣ" мунҳасир ба илми тиб нест, балки ҳамаи ақшори ҷомеъа дар ҳар шуғле ки ҳастанд, бояд илми "мизоҷшиносиро" балад бошанд. Мутаассифона дар ҷомеъаи модерни имрӯза, инсонҳо рафтори муносибе бо "меъда" надошта ва бо пур кардани ғизоҳои гуногун ва номутаъораф ва бидуни арзиши ғизои, муҷиби он мешаванд ки меъда, аз ин ғизоҳои бе кайфият, хилтҳои носолим тавлид карда ва заминаи анвоъи бемориҳоро дар бадан эҷод мекунад. Бино бар ин, агар хишти аввали сиҳҳат ва тандурустӣ, аз меъда каҷ гузошта шавад, то охир ин каҷӣ идома ёфта ва сутуни саломатии ҷисмӣ ва рӯҳи, устувор нахоҳад шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё