
Саломатӣ
Саломатӣ яке аз арзишҳои муҳимтарини ҳаёти инсон ба шумор меравад. Он ҳолати некӯаҳволии ҷисмонӣ, равонӣ ва иҷтимоии шахсро дар бар мегирад. Шахси солим метавонад фаъолона таҳсил кунад, кор намояд ва дар ҳаёти ҷомеа саҳми арзанда гузорад.
Анҷир — ширинии табиӣ, ки метавонад ба саломатӣ фоида расонад
Анҷири хушк танҳо як ширинии болаззат нест. Ин меваи серғизо дорои нах, минералҳо ва дигар моддаҳои барои организм зарурӣ буда, метавонад як ҷузъи муфиди ғизои солим бошад. Барои саломатии дилу рагҳо Анҷир дорои моддаҳои ғизоиест, ки ба фаъолияти муътадили организм ва саломатии системаи дилу рагҳо мусоидат мекунанд. Аммо онро набояд ҳамчун «аспирини табиӣ» ё ҷойгузини доруҳои тунуккунандаи хун истифода бурд. Барои фаъолияти мағзи сар Ғизои мутавозин, ки дар таркибаш меваҳои хушк, аз ҷумла анҷир, мавҷуданд, метавонад организмро бо маводи ғизоии зарурӣ таъмин кунад ва ба нигоҳ доштани фаъолияти муътадили мағзи сар мусоидат намояд. Чӣ қадар истеъмол кардан мумкин аст? Анҷири хушк ширинии табиӣ ва серғизост, аз ин рӯ онро ба меъёр истеъмол кардан беҳтар аст. Масалан, 1–2 дона анҷирро метавон ба ғизои ҳаррӯза илова кард.
Ҷуворимакка
Ин донҳои растаниест, ки аз паҳлуи пояаш бар сӯта қатор ҷой гирифтаанд муттасил ба якдигар, ки ба ранг зард, сурх, бунафш ва сафед мебошанд. Хомаш каме тунҷӣ дорад дар таъм ва агар расида гар- дад, ширин мешавад. Расидаашро бирён карда мехӯранд ва орд карда аз он нон тартиб медиҳанд ва он нон дар гармогармиаш лазиз аст. Поя ва баргҳои он монанди ҷувории сафед мебошад. Мизоҷи ин моил ба гармӣ ва дар дараҷаи дуввум хушк аст, ба қавле дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, хун ва балғами шахшударо таҳлил медиҳад, дарунро мебандад ва сахт часпак мебошад, каме боднок, ғизоияташ бисёр аст. Агар инро ҳамчун ғизо бардавом истеъмол кунанд, иллати силро дафъ месозад, исҳолро мебандад, ғизоияти он зиёда аз биринҷ, вале аз гандум камтар аст. Агар инро пухта, бо сирко хамир сохта гузошта банданд, қӯтури решгаштаро дафъ мекунад, тарқидани пӯст ва нохунро шифо мебахшад; агар хойида ба чашм гузошта банданд, нури чашмро қавӣ мегардонад; ба ҷоҳои газидаи ҷонварони заҳрнок бибанданд, газанди онҳоро дафъ мекунад. Ва агар орди онро дар об пухта, бо он нимгарм ҳуқна кунанд, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад. Ба ҷойи ҷуворимакка ҷувории сафедро истеъмол кунанд, равост.
Дӯлона
Дӯлона ду навъ аст: дӯлонаи хасак, ки самараш сурх – инро дӯлонаи сурхак низ меноманд; қисми дувумро самараш калон-калон ва дар вақти пухтан зард мегардад. Мизоҷи дӯлонаи калон дар дараҷаи дувум сард ва дар якум хушк аст. Хусусияти доруии дӯлона аз қадим маълум аст. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино дӯлона талхаро фурӯ менишонад, хунравиро мебандад. Дар тибби халқӣ гул, мева, барг ва пӯстлохи дӯлонаро барои муолиҷаи бемориҳои гуногун истифода мебаранд. Ҷӯшоби барг ва чойи гулҳои хушку меваи дӯлонаро ҳангоми ғалаёни хун, сарчархзанӣ, дилзанӣ, хафақон, бехобӣ, неврози дил, зуком менӯшанд. Меваи тару тозаи онро чун воситаи исҳоловар тавсия медиҳад. Ба ақидаи табибони мардумӣ агар дӯлонаро истеъмол намоянд, ба бадан ғизо мешавад. Дар аъзои бадан қабзият пайдо мекунад, баданро фарбеҳ месозад, фишори баланди хунро паст мегардонад. Дӯлона қайро таскин бахшида, меъда ва ҷигарро қавӣ мегардонад, иштиҳо меорад, исҳолро мебандад, чакмезакро шифо мебахшад. Оби дӯлонаро бо шакар бинӯшанд, дарди сареро, ки аз гармӣ бошад, рафъ менамояд. Истеъмоли аз ҳад зиёди дӯлона ба гурда зарар дорад. Иллати кулинҷ (колит)-ро пайдо мекунад, меъдаро заиф месозад. Миқдори як маротиба нӯшидан аз оби дӯлона то 90 г. ва аз мевааш то 55 г. аст. Дӯлона ба миқдори зиёд витамини С, қанд (сахароза, фруктоза), фитостеринҳо, сапонинҳо, флавоноидҳо, кислотаҳои органикӣ, гулу барги он фловоноидҳо (кварсетин, гиперозид, равғани эфир) дорад.
ҶУРҒОТ ДАВО БАРОИ ФАРБЕҲӢ
Ин рузҳо пизишкони мутахассиси тағзия ба афроди фарбеҳ тавсия мекунанд, ки ҷурғот бихӯред ва бисёре аз афроде, ки вазни зиёд доранд ва мехоҳанд лоғар бишаванд, ҳатман бояд маводи шириро дар режими ғизоии худ ҷой бидиҳанд. Касби калсии кофӣ дар режими ғизоӣ боис мешавад бадан чарбии бештаре бисӯзонад ва миқдори чарбиро, ки бадан месозад, коҳиш бидиҳад. Аз он ҷое, ки афрод қасд доранд чарбӣ аз даст бидиҳанд на гӯшти бадан, пас режими ғанӣ аз ғизоҳои ширии камравған метавонад бо сӯзондани чарбиҳои изофаи бадан сабаби коҳиши вазн шавад. Ҳамакнун муҳаққиқони зиёде рӯйи фоидаҳои муассири ҷурғот ва асароти беназир дар режими ғизоӣ ва кам кардани вазн кор мекунанд ва ёфтаҳо нишон медиҳад, ки ҷурғот дорои арзиши ғизоии болое аст ва ҷурғот як чошнии пурхосияти доруӣ низ ба ҳисоб меояд, ки таъсири зиёд барои лоғар шудан дорад; пас агар шир намехӯред, ҳатман ҷурғот нӯши ҷон бикунед, то лоғар бишавед ва аз пукии устухон пешгирӣ кунед.
ФОИДАҲОИ ҶУРҒОТ
Ҷурғот чун як ғизои асосӣ барои одамон аз замонҳои хеле қадим кашф карда мешавад. Имрӯз ҳам он ҳамчун хӯрдании серғизо мавриди истифода қарор дорад. Табибон истеъмоли ҷурғотро новобаста аз синну сол барои ҳама тавсия медиҳанд. Он дар илми тиб манфиатнок арзёбӣ мешавад. Истеъмоли пайвастаи ҷурғот боиси солимии организми инсон хоҳад буд. Манфиати истеъмоли ҷурғот барои саломатии инсон, махсусан кӯдакону наврасон хеле зиёд аст. Гарчанде табибон дастур ё қоидаҳои махсуси истеъмоли маҳсулоти ҷурғотиро пешниҳод накардаанд, вале набояд фаромӯш насохт, ки истифодаи аз меъёр зиёди ҳар навъ ғизо дар баробари фоида ҷиҳатҳои манфии худро низ дорад. Ҳамчунин донистан бамаврид аст, ки хусусияти шифобахшии ҷурғот аз тарзи омодашавии он низ вобаста мебошад. Дар вақти омодасозӣ ва коркарди ҷурғот бояд талаботу технология пурра риоя гардад, дар сурати акс ҷурғот фоиданокиашро гум мекунад. Агар ҷурғотро аз мағозаҳо харидорӣ намоед, аввал ба санаи барориши ин маҳсулот диққат диҳед. Мутахассисон бар ин назаранд, ки ҷурғоти наву якрӯза баъди хӯрдан зудтар ҳазм шуда, рӯдаву меъдаро нарм мекунад. Аз ин хотир истеъмоли ин навъ ҷурғот ҳангоми сахтшавии рӯдаҳо (дисбиоз) тавсия дода мешавад. Аммо бояд донист, ки истифодаи ҷурғоти серӯза дар бунёни инсон таъсири дигаре хоҳад дошт, мумкин аст мувозинати моддаҳо дар меъдаву рӯдаҳо вайрон кунад. Баъди як ҳафтаи нигоҳдорӣ қисми зиёди витаминҳо дар таркиби ҷурғот гум шуда, меъёри спирт дар он меафзояд, ки дар натиҷа маҳсулот қисми зиёди моддаҳои фоиданокашро гум мекунад. Аз ин лиҳоз, аз истифодаи ҷурғоти муҳлати истифодааш тамомшуда даст кашед. Умуман муҳлати нигаҳдории ҷурғот 3 рӯз аст. Тавзеҳ: Ҷурғот (кефири ҳақиқӣ) аз шири пастеризатсияшуда бо замбӯруғҳои кефирӣ тайёр карда мешавад. Ба ғайр аз кефири оддӣ дар мағозаҳо био–кефирро низ вохӯрдан мумкин аст, ки ин ҳам як намуди ин ғизо аст. Аммо бояд донист, ки дар таркиби био-кефир витаминҳо ва моддаҳои фоиданок зиёдтар буда, он ба бунёни одам фоидаи бештаре дорад.
5 тавсия оид ба истеъмоли дурусти ғизо !
1. Одат накунед, ки тамоми рӯз гурусна монед ва сипас якбора ба серӣ хӯрок хӯред. Ин ба ҷамъ шудани калорияҳои зиёдатӣ, калон шудани меъда, камғизоӣ оварда мерасонад. 2. Камтар ва зуд-зуд бихӯред. Хӯрокҳои хурдро ба миқдори зиёд, 2-3 бор не, балки 5 маротиба бихӯред. 3. Дар як рӯз на камтар аз 2-2,5 литр об нӯшед. Об раванди мубодилаи моддаҳоро метезонад, баданро ҷавон мекунад ва пӯстро сахт мекунад. 4. Ҳарчанд ҷолиб ба назар расад ҳам, оби нӯшокӣ тартиби худро дорад. Ҳангоми риоя кардани ин қоида, шумо боварӣ ҳосил мекунед, ки шумо ҳатто бо нӯшидани об метавонед вазни худро кам кунед. Аз ҳама муҳим он аст, ки ҳангоми хӯрокхӯрӣ об нанӯшед. Нӯшидани моеъҳо ҳангоми хӯрок метавонад ба шикамдард, меъда ва дар ниҳоят фарбеҳӣ оварда расонад. Обро ним соат пеш аз хӯрок ва баъд аз 40-45 дақиқа пас хӯрок нӯшидан мумкин аст. 5. Нони орди сафед ва макаронро бо нони сиёҳи орди ҷавдор ва макароне, ки аз гандуми сахт тайёр карда шудааст, иваз кунед. Зеро нони сиёҳ дар таркибаш гурӯҳи витамини В1 зиёд дорад . Ҳам аз ҷиҳати ҳазмшавӣ ва ҳам ҷиҳати ғизонокӣ муфид аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё