Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

БАҲОР

Буд замини нозанин,
Дар хоби масту ширин,
Ба хоби ӯ даромад:
«Аз фалак мефаромад
Рӯ-рӯи абри баланд
Савори аспи саманд,
Рӯмоли сараш — лола,
Куртаи бараш — лола,
Ҳалқаи гӯшаш қоқу,
Дар бару дӯшаш қоқу.
Райҳон ба банди мӯяш,
Гули шукуфта рӯяш,
Арӯси баҳор ояд,
Ба мулки Ҳисор ояд.
Бидида рӯи баҳор,
Шамида бӯи баҳор,
Бо дилаки беқарор
Замин шуд охир бедор».
Он субҳаки зимистон
Аз хоки кӯҳсорон,
Аз бехи санги хомӯш
Сар зад гули сиёҳгӯш.

пешина
аз 80
навбатӣ