Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

АдабиётШеърКӯдакон
Аз аввал хондан

ТАРОНАИ МАШҲУР

Заррофа афсона гуфт,
Зарродача даррав хуфт.
Очахаргӯш алла хонд,
Бачаякашро хобонд.
Сагча баъди давутоз
Рафт ба хобаки ноз.
Танҳо дар ин шаби тор
Қурбоққаест бедор,
Шикамчааш ҳай таранг,
Саҳначааш рӯйи санг,
Бе ғиҷжаку бе танбӯр
Месарояд:
– Курр-у-курр...
Таронаи «Қурр-у-курр»
Дар беша ҳаст машҳур.
Зеро ки ин тарона,
Таронаи ягона,
Аз бобои қурбоққа,
Аз момои қурбоққа
То ин замона мондааст,
Ба ӯ нишона мондааст.

пешина
аз 80
навбатӣ