Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ДӮСТӢ

Ҳар шаб гирифта хома,
Шаҳрӣ нависад нома.
Ба Зебои рӯшонӣ,
Гулшани Зарафшонӣ,
Ба Ҳюстон – баҳри Лорен,
Сӯи Лондон ба Морен,
Ба Париж – ба Монико,
Ба Токио – ба Тсу Бо,
Ба Минои кобулӣ,
Ойгули Истамбулӣ...
Дар ҳама кунҷи дунё
Дорад ӯ дугонаҳо.
Аммо чӣ гӯям, Шаҳрӣ
Бо ҳамсинфонаш қаҳрӣ.

пешина
аз 80
навбатӣ