Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа
ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданМАРҒУЛАКОКУЛ
Дугона гаштам
Дар шаҳри Кобул,
Бо духтаре шӯх –
Марғулакокул.
Рӯяш гандумӣ,
Мижгондароз аст,
Нигоҳаш равшан,
Бо шарму ноз аст.
Ҳамчун ду лола
Бо ҳам монандем,
Тарона дар лаб
Ҳар ду механдем.
Бошад ҳамоҳанг
Номи ваю ман,
Чаман исми ӯст,
Номи ман Суман.
Нозем, ки як аст
Лафзи модарӣ,
Сухан бигӯем
Ба лафзи дарӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё