Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа
АдабиётШеърКӯдакон
Аз аввал хонданХУДБИН
Баҳояш аъло
Аз ҳама фанҳо,
Аммо мегардад
Доимо танҳо.
Тоза китобу
Тоза дафтараш,
Дӯсте надорад
Аммо дар бараш.
Нагардад касе
Аз диданаш шод,
Сад рӯз наояд,
Кас накунад ёд.
Зеро ки хеле
Худбин аст Хушнуд.
Ҳамеша бошад
Ӯ дар ғами худ.
Сардори ин синф
Худам мегӯяд,
Дар Маскав баҳор
Будам мегӯяд.
— Дар синф танҳо ман
Аълочӣ, — гӯяд.
— Бар дугиракҳо
Корам чӣ? — гӯяд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё