Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ТОБОН

Мӯяки Тобон
То бари домон,
Рӯяки Тобон –
Себаки Рӯшон.

Холи сиёҳаш
Донаи себ аст,
Ҳамчу ниҳолак
Қаддаш базеб аст.

Мисли шакарсеб
Гапақош тобон,
Гапи ӯ форад
Бар дилу бар ҷон.

Аз рӯяш ояд
Бӯи гули себ,
Аз мӯяш ояд
Бӯи гули себ.

Кош ҳозир аз дар
Дарояд Тобон,
Аз боғаш орад
Себаки хубон.

пешина
аз 80
навбатӣ