Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа
КӯдаконАдабиётШеър
Аз аввал хонданБОДИ ХУШИ ТОБИСТОН
Мевазад аз дуродур
Боди хуши тобистон,
Ҷонро мебахшад ҳузур
Боди хуши тобистон.
Бӯи ҳандалак орад
Аз полези бобоҷон,
Аз ҳавлии ҳамсоя,
Бӯи ҷуворибирён.
Боди хуши тобистон,
Бар дидаҳо хоб орад.
Ларзонад шохаҳоро,
Борони мева борад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё