Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ШОХДОРАК
(Шеър-чистон)

Шохҳои қатор дорад
Дар шоҳакаш бор орад.
Шохдораки бечора
Бепо бувад чӣ чора?
Гар пои равон медошт,
Дар тани худ ҷон медошт,
Дар як гӯша намехуфт,
«О-ҳо ман зӯрам» мегуфт.
Ҷангалу саҳро мерафт,
Бо шохи боло мерафт.
Шохдорак равад ба кор
Ба китфи бобом савор.

(Панҷшоха)

пешина
аз 80
навбатӣ