Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа
ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданЧИСТОНҲО
Бо ранги заъфаронӣ
Ӯ доимо хандон аст,
Надорад чашму абрӯ,
Рӯяш пури дандон аст.
(Офтобпараст)
Гурд аст монанди моҳ,
Ғелида меравад роҳ,
Аз момо гурезон аст,
Аз бобо гурезон аст.
Гурезон аст аз хона,
Хонааш дар афсона.
(Кулчача)
Тобистону зимистон
Меистад дар рӯи бом,
То дар хона нишаста,
Кино бубинад бобом.
(Антеннаи телевизор)
Калон аст мисли хона
Калон бувад варо гӯш,
Бо ин ҳама бузургӣ
Бечора тарсад аз муш.
(Фил)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё