МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Аммо вақте ки сухан дар бораи псиологияи мардум, шароит ва имкониятҳо, вазифаҳо, методология, рукнҳо ва ҳуҷҷатҳои давлатии мазмуни таҳсилот, мавқеи афкори педагогии ниёгон дар тарбияи фарзандон, мисолу намунаҳо ва ғайра меравад, зарурияти таҳияи педагогикаи миллӣ, ҳамчун илм ба миён меояд.
Асосҳои илмӣ ва методологии педагогикаи миллиро фалсафаи бумии миллати тоҷик, назарияи диалектики маърифат, андешаи миллӣ, афкори педагогии халқамон, ғояҳои худшиносӣ, ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ ташкил медиҳанд. Педагогикаи миллӣ дар таҳлилу таҳқиқи масъалаҳои назарӣ ва амалии худ ба: Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон; Қонун «Дар бораи маориф»; Консепсияи мактаби миллии тоҷик; Консепсияи миллии таҳсилот; Консепсияи миллии тарбия; Стандарти давлатии таҳсилот ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон такя менамояд.
Барои педагогикаи миллии халқамон мафҳум ва ибораҳои «инсон», «тарбия», «таҳсилот», «таълим», «фаъолият», «мақсад», «рушд», «ташаккул», «шахсу шахсият» бештар хос буда, маҷмӯи таркибии таърифи онро фаро мегиранд, ки метавон ба сурати зайл ифода намуд:
Педагогикаи миллии халқи тоҷик илмест перомуни тарбия ва таълими шуурона ва мақсаднок, ғановати ҷаҳони маънавии рушд ва ташаккули шахс ва танзими фаъолияти инсон дар зиндагӣ. Ба ин маънӣ, мо дар ин таъриф ба чор самт сарукор дорем:
Самти якум — на ҳар гуна тарбия ва на ҳар гуна таълим, балки тарбия ва таълими шууронаю мақсаднок дар тамоми зинаҳои таълим (ибтидоӣ, асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидои касбӣ ва олӣ, пас аз дипломӣ…) ва ҷараёни омӯзиши ҳамаи фанҳо.
Самти дуюм — ғановати ҷаҳони маънавии инсон, ки дар сифатҳо ё хосиятҳои худи инсон нуҳуфта, дар қобилияти худшиносӣ, эҳсоси таърих, замону фазо, қобилияти тафаккур, андеша, омӯшиши забонҳо; одобу ахлоқ, дониш, маҳорату малака, эҷодкорӣ ва ғайра ифода меёбад ва арзиши инсонро ҳамчун инсон муайян мекунад. Дар робита бо ҷисму рӯҳ инсон хоҳишҳои ҷисмонӣ дораду хоҳишҳои рӯҳӣ, яъне майлу хоҳиш ба олами рӯҳӣ. Ҳамин майлҳои рӯҳӣ асоси фарҳангу таамддуни инсонро ташкил медиҳанд, ки ба таври дигар маънавиёт меномем. Чизе, ки маънавиётро ба ин ё он тараф — пеш, пас, чап, рост таком медиҳад, боло мебардорад ва ё хароб мекунад, шуур аст, ки аз се асли таркибӣ иборат аст: ақл, эҳсос ва ирода. Ақл ва вазифаи он ба низом овардани зиндагии инсон, ҳалли масъала ва нақшаҳо, ки инсон наздаш мегузарад, инкишоф, равнақу ривоҷи илм, ҷустуҷӯи ҳақиқат мебошад. Ҳиссиёт ё эҳсос майл ба зебоӣ ва ё зебоипарастӣ дорад: тамошои гулу гулзор, ҳаловат бурдан аз бӯи муаттару садои мусиқӣ, ғизои маънавӣ гирифтан аз хондану мутолиаи китоб. Ирода майл ба некӣ ва наккукорӣ дорад, ки аз сириштҳои мардуми мост ва дар ҳамгироӣ бо ақлу эҳсос ташаккул меёбад.
Инсоне, ки маънавиёти ғанӣ дорад, қодир аст, ки тафаккури эҷодӣ ва интиқодии худро равнақ бахшад; сифатҳои олии инсонии худро ташаккул диҳад; ба тарбияи худ ва фарзандон машғул шавад; аз чорчӯбаи карахтӣ берун ҷаста, дар зиндагӣ фаъол ва хушбин бошад; бо ирода ва масъулиятшинос бошад; ҳамеша дар пайи андешаи миллӣ, ободию осудагии Ватану диёр бошад, манфиати худро аз манфиати ҷомеа боло нагузорад; баробари дархости замона қадам гузорад; ба пирону барҷомондагон дасти ёрӣ дароз бикунад; ширинбаён, нармгуфтор, хушмуомила бошад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё