Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Қабул кардани қарори худтарбиякунии касбӣ. Ин ҳаракати иродавӣ мебошад, ки баъди он ба оқиб роҳ нест. Шумо бо худсозӣ машғул мешавед. Яъне, шумо ба худ баҳо додед, дар шумо эҳтиёҷоти худташаккулдиҳӣ пайдо шуд, барои чӣ ин корро мекунед ба Шумо маълум аст, барнома ва нақшаи фаъолияти худро муайян кардед. Акнун ба пеш, ба қуллаҳои худинкишофдиҳӣ шурӯъ мекунед.
Истифодаи усулҳои худтаъсиркунӣ. Дар тадқиқоти психологию педагогӣ 4-гурӯҳи усулҳои худтаъсиркунӣ нишон дода шудааст:

  1. Усулҳои худшиносӣ (омӯзиши шахсияти худ).
  2. Худмушоҳидакунӣ.
  3. Худтаҳлилкунӣ.
  4. Худбаҳодиҳӣ.
    САВОЛ ВА СУПОРИШ:
  5. Асосҳои илмии ташкили худомӯзӣ ва худтарбиякунӣ, худмушоҳидакунӣ, худтаъсиркунӣ ва худтаҳлилкуниро маънидод кунед.
  6. Худомӯзӣ чист?
  7. Худтарбиякунӣ аз худомӯзӣ чӣ фарқ дорад?
  8. Барномаи худомӯзии донишҷӯ ва омӯзгорро таҳия намоед.
    1.18. Роҳу усулҳои худомӯзӣ ва худтарбиякунии касби омӯзгорӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
    • Қоидаҳои ташкили кори мустақилонаро медонанд ва онро дар фаъолияти мустақилонаи таълимии худ риоя мекунанд.
    • Мустақилона реферат, аннотатсияи китоб ва руйхати адабиётро таҳия менамоянд.
    • Аннотатсияи китобро таҳия мекунанд.
    Нақша:
    • Роҳҳои гуногуни худомӯзии омӯзгор
    • Корҳои мустақилона ва қоидаҳои ташкили он
    • Назорат ва баҳодиҳӣ ба натиҷаи корҳои мустақилонаи донишҷӯ
    РОҲҲОИ ХУДОМӮЗИИ ОМӮЗГОР
    Барои бо асосҳои назарию амалии ин мавзуъ мусаллаҳ шудан омӯзгор аз роҳҳои гуногуни худомӯзӣ истифода мебарад:
    – мутолиаи адабиёти назарию методӣ;
    – таҳлили ҳаматарафаи адабиёт;
    – иштирок ба дарсҳои ҳамкасбон ва омӯхтани таҷрибаи пешқадам;
    – суҳбат бо омӯзгорону мушовирон;
    – омӯхтани хусусиятҳои психологии хонандагон;
    – гузаронидани корҳои таҷрибавию озмоишӣ.
    Омӯзгор дар қисмати «Мутолиаи адабиёти зарурӣ» масъалаҳои зайлро ба назар мегирад.
  9. Мунтазам хондани ҳафтаномаи «Омӯзгор», маҷаллаҳои «Маърифати омӯзгор», «Маорифи Тоҷикистон» ва ғайра.
  10. Шинос шудан бо навигариҳои илми замон, педагогика, психология, методика.
  11. Хондани барномаи таълим ва адабиёти методӣ оид ба мавзуъ.
    Омӯзгор бо мутолиаи адабиёт маҳдуд нашуда, мавзуи худомӯзиашро дар дарсҳои ҳамкасбон мушоҳида менамояд, таҷрибаи пешқадам меомӯзад дар ҷамъомадҳои гуногуни методӣ фикру мулоҳизаҳои дигаронро мешунавад, изҳори ақида менамояд.
    Ниҳоят, худомӯзӣ баҳри худомӯзӣ набуда, баракати он дар ҳосили меҳнати педагогии омӯзгор ифода меёбад. Барои ин омӯзгор баробари ба нақша даровардани мавзуи худомӯзӣ онро ҳамчун объекти таҷриба қарор медиҳад. Вагарна натиҷаи меҳнати худомӯзии омӯзгорро муайян кардан душвор аст. Ӯ пеш аз машғул шудан ба мавзуъ дониш ва пешрафти бачаҳоро санҷида ва пас аз он боз месанҷад.
    Натиҷаҳои аввалу охирро муқоиса намуда, ба худомӯзии худ ва таъсирнокии он ба ҷараёни таълиму тарбияи шогирдонаш баҳо медиҳад. Вале кор бо ин ба охир намерасад. Омӯзгор қайду эродҳояшро истифода бурда, маърӯза менависад, дар назди ҳамкасбон ва агар лозим донад, дар конференсияи вилоятӣ (шаҳрӣ) ё ҷумҳуриявии омӯзгорон гузориш медиҳад, бо тавсияи шахсони дахлдор маърӯзаашро дар шакли мақола тайёр карда, ба маҷмуаи мақолаҳо ё ба яке аз нашрияи педагогӣ месупорад. Ҳатто омӯзгор метавонад натиҷаи кори худомӯзиашро китобча карда ба чоп тавсия намояд. Ҳамаи ин кори мунтазаму педагогии худомӯзии омӯзгорро таъмин намуда, имконият медиҳад, ки аз натиҷаи он дигарон низ бебаҳра намонанд.
пешина
аз 142
навбатӣ