МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
КОРҲОИ МУСТАҚИЛОНА ВА ҚОИДАҲОИ ТАШКИЛИ ОН
Мустақилиятнокӣ — қобилияти фикркунӣ, таҳлили ҳодисаҳо, вазъият, қарор қабул кардан, бо ташаббуси худ амал кардан.
Корҳои мустақилонаи донишҷӯ тарзи фаъол ва мақсадноки аз худ намудани дониш, ташаккул додани малака ва маҳорати сермаҳсули эҷодии донишҷӯ бе иштироки фаъоли омӯзгор дар ин раванд мебошад. Чорабиниҳое, ки ташкили дурусти ба роҳ мондани корҳои мустақилонаи донишҷӯро таъмин мегардонанд, бояд дар асоси талаботи зерин амалӣ гардонида шаванд:
– корҳои мустақилонаи донишҷӯ бояд аз рӯи самти фанни таълимӣ ба таври мушаххас муайян карда шаванд;
– корҳои мустақилонаи донишҷӯ бояд самаранок ва пайваста таҳти назорат қарор дода шуда, натиҷаи иҷрои онҳо ҷиддӣ баҳогузорӣ карда шаванд;
– корҳои мустақилонаи донишҷӯ вобаста ба хусусиятҳои фанҳои таълимӣ ва мазмуну мундариҷаи он дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ, барномаҳои кории фанҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастур ва васоитҳои таълимӣ муайян карда шавад.
НАЗОРАТ ВА БА ҲОДИҲӢ БА НАТИҶАИ КОРҲОИ
МУСТАҚИЛОНАИ ДОНИШҶУ
Назорат ва гузоштани баҳо ба натиҷаи корҳои мустақилонаи донишҷӯ бояд ҳамчун ягонагии ду шакли кор ташкил карда шавад:
– фаъолияти мустақилонаи таълимӣ ва худбаҳодиҳии донишҷӯ;
– назорат ва баҳогузорӣ аз ҷониби омӯзгори фанни таълимӣ, комиссияҳои имтиҳонӣ ва аттестатсияҳои давлатӣ, сохторҳои назоратии давлатӣ ва ғайра.
Тарзҳои иҷро намудани корҳои мустақилонаи донишҷӯ бояд дар асоси барномаҳои кории ҳар як фанни таълимии ба барномаи касбии таълимии ихтисоси муайян дохилшаванда муқаррар карда шаванд.
Дар қисмати мазкури барномаи кории фанни таълимӣ бояд супоришҳо барои иҷро намудани корҳои мустақилонаи донишҷӯ доир ба ҳама ё баъзе мавзуъҳо муайян карда шуда, барои онҳо яке аз шаклҳои назорат (пурсиши шифоҳӣ, маърӯза намудан, навиштани реферат, гузаронидани таҳқиқотӣ мустақилона, супервизия, супоридани имтиҳон, супоридани тест, иҷро намудани кори контролӣ ва ғайра) нишон дода шавад:
Тарзи мушаххаси иҷро намудани корҳои мустақилона ӯ аз ҷониби донишҷӯ интихоб карда шуда, дар ҳолатҳои зарурӣ дар мувофиқа бо омӯзгор (омӯзгорон) дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида муайян карда мешавад.
Чорабиниҳои дуруст ба роҳ мондан ва фароҳам овардани шароити иҷро намудани корҳои мустақилонаи донишҷӯ, бояд таъмин гардидани ҳар як донишҷӯро бо асосҳои дар поён овардашуда пурра дар бар гиранд:
– тарзи кори инфиродӣ ҳангоми иҷро намудани корҳои назариявӣ (баҳисобгирӣ, тартиб додани нақшаҳо ва ғайра) ва амалӣ (иҷро намудани корҳои мустақилона ва илмӣ-методӣ);
– воситаҳои маълумотдиҳанда (маълумотномаҳо, дастурҳои таълимӣ, бонки корҳои инфиродӣ, барномаҳои таълимӣ, дастаи барномаҳои бунёдӣ ва ғайра);
– маводи методӣ (тавсияҳо, роҳнамоҳои практикумҳо ва ғайра);
– маводи назоратӣ (тестҳо);
– маводи захиравӣ (воситаҳои ченкунанда, технологӣ ва ғайра);
– мусоҳибаҳо (омӯзгорон, кормандони илмӣ-таҳқиқотӣ ва ғайра);
– имконияти муайян намудани масир (траектория)-и таълимии худ (фанҳои таълимии интихобӣ, машғулиятҳои иловагии таълимӣ, нақшаҳои инфиродии таълимӣ);
– имконияти ба таври расмӣ муҳокима намудани натиҷаҳои назариявӣ/ё амалии мустақилона бадастовардашуда (иштирок намудан дар конференсияҳо, олимпиадаҳо, озмунҳо).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё