Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Роҳҳои баланд бардоштани маҳорати ахлоқи педагогӣ пеш аз ҳама ба худомӯзии омӯзгор вобаста аст. Ҳамон вақт омӯзгор дорои этикаи педагогӣ мегардад, ки ба фаъолияти педагогӣ шуурона муносибат намояд ва қонуниятҳои инкишофи ҷамъиятӣ маънавиро дарк намояд.
Одоби омӯзгор ба принсипҳои ахлоқи умумиинсонӣ асос ёфтааст. Олами ниҳонии хонандагонро дарк карда, таъсири мусбат расонидан ҷиҳати муҳими одоби муошират аст.
Маҳоратҳои педагогӣ назариявӣ амалӣ ҷалб кардан ахборотӣ инкишофдиҳандагӣ муайян кардан Қисматҳои маҳорати педагогӣ самти инсонпарварӣ донишҳои касбӣ қобилияти педагогӣ техникаи педагогӣ
МУОШИРАТИ ПЕДАГОГӢ ВА СОХТОРИ ОН
Муошират ин раванди мураккабу гуногунҷабҳаи барқароркунӣ ва вусъатдиҳии робитаи байни ҳамдигарии одамон буда, дар асоси хоҳиши фаъолияти якҷоя доштани онҳо ба вуҷуд омадаасту мубодилаи афкор, ҳамкорӣ ва дарки ҳамдигарро дар бар мегирад. Муошират дар ташаккул додани зеҳну ақли инсон нақши муҳим мебозад.
Муошират қувваи пешбарандаи ҷамъияти инсонӣ буда, барои фароҳам овардани ҷамъияти солим ва ташаккули шахсияти комил нақши муҳим заруриро мебозад.
Муошират — ин ҳамкориест, ки дар асоси талаботи одам ба одам қарор мегирад.
Олими маъруфи англис У. М. Риверс таъкид менамояд, ки омӯзгор бояд бо ҳисси фаҳмишу таҳаммул дар хонандагон эътимоду бовариро ба неруву имконияташон бедор намояд. Ӯ бояд ба ҳолати эмотсионалии хонандагон, аломатҳои асабоният ва парешонхотирии онҳо, нишонаҳои бесаранҷомӣ ва ҳатто хусумат ба фан ҳассос бошад, барои бартараф намудани ин зуҳуроти номатлуби изтироби руҳӣ ба зудӣ чораҳо андешад.
Ҳамчунин, омӯзгор бояд ба муносибатҳои байни хонандагони синф диққат дода, барои фароҳам овардани вазъияти озоду бетакаллуфи суҳбат кӯшиш намояд.
Ба ақидаи олимон танҳо муносибатҳои ба эътимоду боварӣ асосёфтаи омӯзгор бо синф, хонандагон бо якдигар, ҳамчунин ҳолати тавозуну оромӣ зимни пурра бо кор машғул будани хонандагон барои омӯхтани забони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоранд. Дар ин замина, олими булғорӣ Г. Л. Лозанов натиҷаву комёбиҳои назаррасро дар таҳқиқоти хеш ба даст овардааст. Ба ӯ муяссар гардид, ки муаррифии нисбатан пурраи низоми воситаҳоеро, ки барои бунёди фазои мусбати эмотсионалии муошират дар дарсҳо мусоидат менамоянд, анҷом диҳад.
Муоширати педагогии омӯзгор бо хонандагон бо назардошти хусусиятҳои зикршудаи фаъолияти касбии ӯ ба миён меояд.
Сохтори муошират. Барои дарк кардани муошират сохти онро донистан зарур аст. Сохти муоширатро ба воситаи се вазифаи ба ҳам алоқаманди он шарҳ медиҳанд:

  1. Комуникативӣ; 2) Интерактивӣ; 3) Перспективӣ.
    Моҳияти вазифаи коммуникативиро мубодилаи ахбор, ба ҳамдигар доду гирифти намудани маълумот (маҷмуи тасаввурот, ақида, шавқу ҳавас, ҳолати руҳӣ, ҳиссиёт ва мақсадгузориҳои муошираткунандагон) ташкил медиҳад.
    Моҳияти вазифаи интерактивӣ муошират бошад ташкили ҳамкории байни ҳамдигари дар бар мегирад. Яъне дар ҷараёни муошират натанҳо додугирифти донишҳо, ақидаҳо балки додугирифти амалҳо низ ба вуҷуд меояд.
пешина
аз 142
навбатӣ