МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Моҳияти вазифаи персептивӣ бошад, маънои идроки байниҳамдигарии муошираткунандагон ва ё худ ҳамдигарфаҳмиро дорад.
Мазмуни муоширатро додугирифти афкор, ахбор, дониш, маҳорат, малака, таҷриба ва ғайра ташкил медиҳанд. Чунин усулҳои таъсиррасони ба ҳамсуҳбат мавҷуданд: сирояткунӣ, мутаъсирнамоӣ, боварикунонӣ, талқин.
Сирояткунӣ — ин ба таври беихтиёр ба ҳолати муайяни психикӣ гирифтор намудани одам мебошад. Мисол, кафкубиҳои бардавоми мухлисон боиси масрурӣ ва фараҳмандии руҳии сароянда мегардад.
Мутаъсирнамоӣ — ин таъсиррасонии мақсадноки як шахс ба шахси дигар мебошад. Нотиқ дар ҷараёни он тавассути таъсиррасониҳои ҳиссиётӣ ва иродавӣ дар шунавандаи худ ҳисси ҳамдардиро ба вуҷуд оварда, масъаларо ба фоидаи худ ҳал менамояд. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки кӯдакон ва пиронсолон, шахсони ҷисман заифу хасташуда бештар ба ин ҳолат гирифтор мешаванд. Ҳар қадаре, ки дараҷаи шуурнокии шахс баланд бошад, ӯ ҳамон қадар камтар ба ин ҳолат гирифтор мегардад.
Мутаъсиршавии одамон аз баландмартабагии шахсияти таъсиррасон низ вобаста аст.
Боварикунонӣ бо ёрии асосноккунониҳои мантиқӣ ба даст овардани ризоияти шунаванда, доир ба ин ё он масъала мебошад.
Талқин — ба воситаи далелҳои аз ҷониби аксарияти қабулшуда, барои иҷрои амале ё коре равона кардани шунаванда мебошад. Вазифаҳои муошират инҳоянд:
– иттилоотӣ-робитавӣ (қабул ва интиқоли иттилоот);
– танзимӣ-робитавӣ (ташкили таъсири дутарафаи одамон дар фаъолияти муштараки онҳо);
– таъсир бахшидан ба соҳаҳои эмотсияҳои ҳамсуҳбат;
– худифодакунии ҳолати эмотсионалӣ одамон.
Ҳамин тариқ, соҳиб будани омӯзгор ба маданияти муошират ҳамчун нишондиҳандаи иқтидори баланди касбӣ маҳсуб мешавад. Маҳорати гӯш кардан, бо диққат будан, фаҳмидани ҳолати гӯянда салоҳияти муҳимтарини касбии омӯзгор мебошад.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
- Муносибати педагогӣ чист?
- Этикаи касбӣ ва этикаи педагогӣ чист?
- Қобилияти педагогӣ ва такти педагогиро маънидод кунед.
- Муоширати педагогӣ чист?
- Умумият ва фарқияти мафҳумҳои»Этикаи касбӣ» ва «Этикаи педагогӣ», «Муносибати педагогӣ» ва «Муоширати педагогӣ»-ро шарҳ диҳед.
- Хусусиятҳои муоширати педагогиро шарҳ диҳед.
1.20. Маданияти муоширати педагогӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
• Усулҳои муоширати педагогиро медонанд ва истифода мебаранд.
• Барои ташкили муносибати таъсирпазир бо хонанда омода мешаванд.
• Хусусиятҳои педагогӣ, психологӣ ва иҷтимоии маърифати муоширатро муайян карда, дар худ талқин менамоянд.
Нақша:
• Усулҳои муоширати педагогӣ
• Маърифати муошират дар фаъолияти омӯзгорӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё