МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Маърифати ахлоқии ин ё он ҷамъият дар маҷмуъ ё шахсиятҳои алоҳида дар сатҳи муайяншудаи идроки маънавии онҳо, хусусиятҳои хоси муносибатҳои ахлоқӣ бо атрофиён, хусусиятҳои рафтор ва муошират зуҳур меёбад.
Нишонаҳои асосии маърифати ахлоқии шахсият дар муошират инҳоанд:
– муносибати эҳтиромона бо ҳамкор, таҳаммул, хушмуомилагӣ, муносибати эҳтиёткорона бо сухан, ки метавонад одамро озурда намояд;
– возеҳии мақсадҳои муошират, тайёрӣ барои фаҳмидан, баҳо додан ва қабул кардани мулоҳизаҳои ҳамсуҳбат;
– худтакмилдиҳии доимӣ, омода кардани худ ба муошират;
– риоя кардани шарти таҳаммулпазирӣ, ки он боварии тарафайнро ба миён оварда, барои огоҳ кардан кумак мекунад ва вазъиятҳои муноқишавиро бартараф месозад.
Дар фаъолияти омӯзгорӣ воситаи ягонаи амаликунии он муошират мебошад.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
- 2) Маданияти педагогии омӯзгор дар кадом амалу рафторҳои ӯ зоҳир мегардад?
Умумият ва фарқияти мафҳумҳои «муносибати педагогӣ» ва «муоширати педагогӣ»-ро шарҳ диҳед. - Усулҳои муоширати педагогиро бо мисолҳо шарҳ диҳед.
- Маърифати муошират чист?
- Нишонаҳои асосии маърифати ахлоқиро дар муошират тавзеҳ намоед.
1.21. Қоидаҳои маданияти муоширати педагогӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
• Таркиби муоширати педагогиро шарҳ медиҳанд.
• Қоидаҳои воридшавӣ ба муоширатро муайян намуда, риоя мекунанд.
• Аҳамияти муоширати педагогиро дар амалияи кори омӯзгор арзёбӣ мекунанд.
• Тибқи меъёри муоширати педагогӣ амал мекунанд.
Нақша:
• Услуби муоширати педагогӣ.
• Меъёр ва нишонаҳои омодагии омӯзгор ба муоширати педагогӣ.
УСЛУБИ МУОШИРАТИ ПЕДАГОГӢ
Маданияти муоширати педагогӣ аз омӯзгор тақозо менамояд, ки дар муошират аз маҷбуркунӣ, зӯроварӣ, манънамоӣ ва ҷазодиҳӣ, ки боиси аз ҳам дуршавии хонанда ва омӯзгор мегардад, барканор бошад.
Чуноне, ки баъзе сабабҳои аз ҳам дуршавии хонандагон ва омӯзгорон дар муошират мушоҳида мешаванд, чунинанд:
– ҷиддияти аз ҳад беш дар муомилаю муошират ва тарзи рафтори дағал аз ҷониби омӯзгор;
– суханҳои таҳқиркунанда аз қабили «Калон шудию ҳанӯз ҳам ақлат надаромадааст… »;
– оҳанги фармонфармоӣ доштани муроҷиати омӯзгор дар рафти дарс («Ҳама диққат диҳед!», «Онҳое, ки супоришро иҷро накардаанд, даст боло кунед!»
ва ғайра);
– сухангӯии якҷонибаи омӯзгор;
– аз ҳад гузаштани таъкид ва нуктагириҳо дар дарс («Гап назанед!», «Рост шинед!» ва ғайра»);
– бетаъсир баён кардани сухан дар раванди омӯзиш;
– номутаносиб зоҳир гаштани рафтору гуфтори омӯзгор зимни муроҷиат
– ба шогирд;
– бенатиҷа мондани таъкиди омӯзгор;
– ҳар лаҳза ба ёд овардани иштибоҳи хонандагон;
– номунтазамӣ дар арзёбии кори хонандагон.
Чунин тарзи муошират муносибати омӯзгору хонандагонро дар ҷараёни дарс маҳдуд мекунад ва пешрафти хонандагонро таъмин намекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё