Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

МЕЪЁР ВА НИШОНАҲОИ ОМОДАГИИ ОМӮЗГОР БА МУОШИРАТИ ПЕДАГОГӢ
Қисмати равандӣ шинохти сохтори муоширати педагогӣ ва азхуд кардани маҳоратҳои умумиомӯзгорӣ ва иҷтимоӣ-педагогиро барои татбиқи муоширати педагогӣ, инчунин дар даст доштани воситаҳои муоширати педагогиро дар назар дорад.
Сатҳи омодагии омӯзгори ояндаро ба муоширати педагогӣ тибқи меъёрҳо ва нишонаҳои зерин муайян намудан мумкин аст:

  1. Дарки аҳамияти муоширати педагогӣ дар раванди таълиму тарбия:
    – шавқи касбӣ ба фаъолияти педагогӣ, муносибати инсонпарварона доштан ба бачаҳо;
    – дарк кардани зарурати муоширати иштироккунандагони раванди педагогӣ;
    – дарки услуби фардии муошират бо бачаҳо, хушсуҳбатӣ ҳамчун сифатҳои баланди арзишманди касбӣ.
  2. Моҳияти раванди педагогиро ҳамчун объекти фаъолияти касбӣ донистан:
    – фаҳмидани моҳият, хусусият, қисмат ва механизмҳои тарбияи раванди педагогӣ;
    – муаррифии муошират ҳамчун намуди фаъолияти махсус;
    – донистани нақш, вазифа ва моҳияти муошират дар раванди педагогӣ;
    – фаҳмидани хусусияти хоси муоширати педагогӣ дар таълими ибтидоӣ;
    – дарки нақши худ дар муоширати педагогӣ.
  3. Маҳорат ва малакаи муоширати педагогӣ доштан:
    – маҳорати созмон додани муоширати бевосита бо аҳли синф, бо хонандагони алоҳида, бо хонандагони алоҳида дар байни онҳо;
    – маҳорати идора кардани муошират дар раванди педагогии инкишофёбанда;
    – маҳорати таҳлил кардани низоми муоширати амалишуда ва тарҳсозии низоми муошират оид ба фаъолияти минбаъда.
  4. Дар ихтиёр доштани воситаҳои муоширати педагогӣ.
    – воситаҳои нутқӣ;
    – воситаҳои ғайринутқӣ.
    Интихоби услуб ва оҳанг дар муошират идора кардани диққат ва фаъолияти хонандагон.Маҳорати таъсир расонида тавонистан ба атрофиён тавассути тобиши овоз, тарзи рафтор, сару либос, симои зоҳирӣ, ҳаракатҳо, нигоҳ, тарзи роҳ гаштан…
    Қайд кардан бамаврид аст, ки самаранок гаштани фаъолияти таълим аз ҷорӣ кардани технологияи навини педагогӣ ва истифодаи методу усулҳои самаранок дар раванди таълим вобаста аст.
    Бояд зикр намуд, ки дар ҳама давру замонҳо онҳое, ки пешаи омӯзгориро муқаддас медонанд ва худро омӯзгори ҳақиқӣ меҳисобанд, ҳамеша бо мақсади самаранок гаштани фаъолияти таълим, пурсамар аз худ кардани маводи омӯзиш ва пешравии хонандагон дар омӯзиш ҳамчун омӯзгорони пажӯҳишгар ва навовару эҷодкор методҳо, воситаҳо ва усулҳои самараноки таълиму омӯзишро ҷустуҷӯ менамуданд.
    Ин гуна омӯзгорон ниҳоят фаъолу соҳиби иродаи қавӣ буда, нисбат ба худ серхонанданд ва дар пешаи омӯзгорӣ мавқеи устувор доранд. Онҳо ҳамеша раванди таълимро таҳлил карда, фаъолияти худ ва шогирдонашонро дар ҳамаи лаҳзаҳои дарс таҳти назорат қарор медиҳанд ва тибқи он нақшаи амалиёташонро барои оянда муқаррар мекунад.
    Бояд зикр кард, ки таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудан ба фаъолияти хеш натиҷаи баланд бардоштани сатҳи маърифати касбии омӯзгорон хоҳад гашт.
    Моҳияти муоширати касбӣ-педагогӣ дар он зоҳир мегардад, ки он шарти зарурии амаликунии раванди яклухти педагогӣ буда, воситаи асосии ташаккули шахсияти хонанда мебошад.
    САВОЛ ВА СУПОРИШ:
  5. Талаботи иҷтимоию психологӣ нисбат ба ташкили муоширати педагогӣ кадомҳоянд?
    Мисол оред.
  6. Омӯзгор ҳангоми муошират бо хонанда аз баёни кадом суханҳо худдорӣ намояд, барои чӣ?
  7. Кадом олимони тоҷик оид ба омодагии омӯзгорони оянда ба муоширати педагогӣ ибрози ақида намудаанд? Мисол оред.
  8. Сатҳи омодагии омӯзгорро ба муоширати педагогӣ тибқи кадом меъёр ва нишонаҳо муайян намудан мумкин аст?
  9. Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ кадом қоидаҳои муоширати педагогиро бояд ҳатман риоя намояд ва барои чӣ, шарҳ диҳед.
    1.22. Моҳияти гуманистии фаъолияти педагогӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
    • Мафҳуми гуманизмро шарҳ медиҳанд.
    • Гуманизми муносибати омӯзгор ва хонандагон дар замони ҳозираро дарк мекунанд.
    • Нақши арзишҳои миллиро дар таълиму тарбияи хонандагон муайян менамоянд.
пешина
аз 142
навбатӣ