МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
«Аз рӯзи таваллуд то 3 сола — бача худои туст, аз 3 то 10 — ӯ ғуломи ту, аз 10 солагӣ бача дӯсти ту» (панди чинӣ).
Қоидаҳои асосии омӯзгор. Раванди гуманистии педагогӣ Қонунҳои омӯзгорӣ Бачаро дӯст доштан, фаҳмидани бача. Нисбат ба бача некбин будан Принсипҳои роҳбарии омӯзгор Барои бача шароити солим фароҳам овардан, эҳтироми шахсияти бача, таҳаммул дар ташаккули бача Маслиҳат ба омӯзгор Ба имконоти бача бовар кардан. Ба муносибати гуманистӣ ба бача бовар кардан Такягоҳи бача Рағбат ба инкишоф, рағбат ба камолот, рағбат ба озодӣ ва накӯкорӣ Сифатҳои шахсии омӯзгор Самимият, меҳрубонӣ, вафодорӣ Дар созмондиҳии таълими гуманистӣ нақши муҳимро чунин ҷанбаҳои шахсият ташкил медиҳанд:
– «озодбаёнӣ»-и омӯзгор дар зикри андеша, эҳсосот, ҳамчунин қобилияти барҷастаи онҳо дар муошират бо хонандагон;
– баёни боварии ботинии омӯзгор дар имконот ва қобилияти ҳар як хонанда;
– мушоҳидаи рафтору кирдори хонанда аз ҷониби омӯзгор ва арзёбии он.
Олим Лутфуллозода М. дар боби охири китоби «Эҳёи педагогикаи Аҷам» ба гуманизми бузургони гузаштаи халқи тоҷик такя карда, дар хусуси гуманизм чунин овардаанд: «Гуманизм — «ҳуманус» аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш одаму одамгарӣ, ки аз рӯи принсипҳои бародарию баробарии адлу адолат, инсофу шавқат, муомилаю муносибат, ҳуқуқи инсон барои рушду камоли ӯ, эҳтироми шаъну шараф, қадру қимат ва арзишҳои инсонӣ, инсон ҳамчун фард, имконияти зоҳир намудани қобилият, истеъдод, шарафу номус амал менамояд».
Имрӯз гуманизм ба ҷаҳонбиние табдил ёфтааст, ки асоси онро принсипҳои бародарӣ, баробарӣ, адолат, виҷдон, раҳму шафқат, муносибати инсонӣ, баробарҳуқуқии инсоният, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳуқуқ барои таҳсил ва касбу ҳунар, эҳтироми шаъну шарафи одамӣ, арзишҳои судманди фарҳангӣ миллӣ ва умумибашарӣ, шахсияти инсон, ғамхорӣ дар ҳаққи истеъдоди ҷавон ва амсоли инро ташкил медиҳад.
Агар педагог хоҳад, ки бачаҳо хуб бошанд, ҳамеша воситаҳоро истифода бурдан зарур аст, ки тарбиягирандагон ҳамин хел шаванд, онҳо аз рафтори хуби маънавӣ ҳаловат баранд.
Дар мавриди ҳалли вазифаҳои педагогӣ ду усул ё ду муносибат вуҷуд дорад: яке фармонфармоӣ, ки педагог масъалаҳоро худаш ҳал мекунад, шогирдонро маҷбур месозад, ки амали барои ояндаашон зарурро анҷом диҳанд: дигаре гуманизм, ки омӯзгор бо хонандагон ҳамкорӣ мекунад, мекӯшад, ки бачаҳоро ба ҳалли масъалаҳои педагогӣ ҷалб намояд.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
- Гуманизм чист?
- Қоидаҳои асосии раванди гуманистии педагогиро маънидод кунед.
- Усулҳои гуманизатсияи таълим кадомҳоянд?
- Вазифаҳои асосии омӯзорро дар доираи талаботи гуманизм номбар намоед.
- Кадом сифатҳои омӯзгор гуманизми таълиму тарбияро таъмин менамояд?
1.23. Моҳияти педагогикаи ҳамкорӣ дар раванди таҳсилоти ибтидоӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
• Педагогикаи ҳамкорӣ ва ғояҳои асосии онро муайян мекунанд.
• Нақши омӯзгорро дар риоя намудани гуманизм дар ҷараёни таълиму тарбия арзёбӣ мекунанд.
• Қоидаҳо ва ҷузъҳои асосии педагогикаи гуманистиро медонанд, маънидод мекунанд ва риоя менамоянд.
Нақша:
• Нуқтаҳои асосии педагогикаи ҳамкорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё