Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

• Технологияи таълими инфиродӣ.
НУҚТА ҲОИ АСОСИИ ПЕДАГОГИКАИ ҲАМКОРӢ
Ҳамкории педагогӣ тамоюлест дар педагогикаи нимаи дуюми асри XX, ки дар асоси усулҳои инсонгароӣ ва муносибати ахлоқона ба рушди шахсият низоми усулу воситаҳои тарбия ва таълимро дар бар мегирад.
Нуқтаҳои асосии педагогикаи ҳамкорӣ инҳоянд:
– муносибат ба таълим ҳамчун ҳамкории эҷодии омӯзгорон ва хонандагон;
– таълим бидуни фишор;
– супоридани вазифаи мураккаб (дар назди хонандагон вазифаи мураккаб гузошта мешавад ва ба онҳо талқин мегардад, ки албатта онро бартараф хоҳанд кард);
– таҳияи қисматҳои бузург (муттаҳид намудани якчанд мавзуъҳои маводи таълим, дарсҳо дар қисматҳои алоҳида);
– таҳлил (ҷамъбасти фаъолияти инфиродӣ ва гурӯҳии хонандагон);
– интихоби озод (омӯзгор бо мақсади беҳтар омӯзонидани маводи таълим бо салоҳдиди хеш вақтро истифода мебарад);
– заминаи зеҳнӣ (гузориши вазифаҳои муҳим ва аз ҷониби хонандагон нисбат ба барномаи таълим зиёдтар фаро гирифтани дониш);
– фаъолияти дастҷамъии эҷодию тарбиявӣ;
– худидораи эҷодии хонандагон;
– ҳамкории омӯзгорон;
– ҳамкорӣ бо волидайн.
Масъалаи ҳамкории педагогӣ бо масъалаи мавқеъ ё нақши омӯзгор робитаи қавӣ дорад. Зеро, омӯзгор дар навбати аввал бояд созандаи муҳити таълим бошад ва хонандаро ба хондан шавқманд созад.
Педагогикаи ҳамкорӣ низоми синфу дарс буда, ба технологияи инфиродии таълим зиёдтар татбиқшаванда мебошад. Ҳангоми кор бо технологияи таълими инфиродӣ, суръати кори хонанда, дараҷаи душворӣ, вақт ҷавоби шифоҳӣ, вақти навиштани кори хаттӣ, вақти супоридани имтиҳонот ба омӯзгор вобастагӣ дорад.
Омӯзгор баҳо мегузорад, вале дар ин масъала на ҳама чиз ба ӯ вобастагӣ дорад, зеро на ба хоҳиши омӯзгор, балки аз рӯи ҳаҷми коре, ки хонанда худ интихоб кардааст, гузошта мешавад, яъне ин ҷо ҳам бисёр чиз аз хонанда вобастагӣ дорад, бахусус, ки баҳои манфӣ раво нест.
Дарсҳои технологияи таълими инфиродӣ аз рӯи меъёрҳои зерин арзёбӣ мегарданд:
– вақти кори пурсамари хонандагон дар дарс, яъне ҷавоб ба савол, ҳар як хонанда чанд муддат мустақилона дар дарс кор кард, чанд муддат кори омӯзгор ва дигар хонандагонро мушоҳида кард;
– самаранокии кори ҳар як хонанда, яъне ифодаи миқдори натиҷаҳои меҳнати ӯ, яъне хонанда чӣ миқдор корҳои мустақилона иҷро намуд, чанд маротиба ба таври шифоҳӣ ҷавоб дод ва сифати кори ӯ чӣ тавр аст?
– фазои раванди дарс, аз ҷумла омӯзгор бояд ба хонанда эрод нагирад.
Ба хонанда эрод гирифтан на танҳо беманфиат, балки зараровар аст, зеро равоншиносон кайҳо ба чунин хулоса омаданд, ки ҳамагуна тасаввурот ҷиҳати ҳаракат, ҳаракатро ба вуҷуд меорад. Масалан: Модар ба кӯдакаш либос пӯшонда, ба ӯ як пиёла чой дода такрор ба такрор мегӯяд: «эҳтиёт кун, ки чой ба куртаат нарезад!». Чунин вазъиятҳо борҳо дар зиндагӣ рух медиҳанд. Бинобар ин ҳама эродҳо, аз ҷумлаи нарезон, накун, наҷунб зарароваранд, зеро дар шуури хонанда оид ба эҳтимоли сар задании чунин рафтор тасавурот ворид месозанд.

пешина
аз 142
навбатӣ