Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Аммо агар шахс ботинан ба мустақилӣ омода набошад, иродаашро ташаккул надиҳад, таълим ва тарбия бесуд буда, мустақилият ба даст намеояд.
Сирри «Мустақилият» дар он ифода меёбад, ки мустақилӣ озодист. Баъзе наврасон дар озодӣ боинтизом ва баъзе аз онҳо беинтизоманд.
Тафовут дар он аст, ки ба онҳо чӣ тавр озодӣ дода шудааст. на озодие, ки туҳфа шудааст, балки он озодие, ки ба масъулият водор месозад, ки шогирдон бо кӯшиши худ ба даст овардаанд. Озодӣ не, балки амалу фаъолият баҳри ба даст овардани озодӣ, худозодшавӣ бачаҳо ва наврасонро инкишоф медиҳад.
Ҳангоме, ки бача аз ҳимояи волидон озод мешавад, ҳангоме, ки ӯ баҳри озодӣ дар оила мубориза мебарад, моҷароҳои хурду калон барояш инкишофу такон намедиҳанд. Наврас озодии зоҳирӣ ба даст меорад. Худозодшавӣ ба амал намеоянд.
Худозодшавӣ, ки аз ҷониби калонсолон дастгирӣ меёбад, муҳимтарин омили инсони мустақил, озод ва ботарбия мебошад.
Барои шахси дорои ахлоқи баланд, озодӣ парубол ва барои шахси бадахлоқ бори зиёдатист. Ҳангоме, ки мо ба бача ҷазо медиҳем, ҳаёти ӯро вазнин не, балки сабуктар месозем. Мо ба сарчашмаҳои мустақилият саҳм мегузорем. Агар мо ҳамеша ҷазо диҳем, маҳкум намоем он гоҳ шахсонеро ба воя мерасонем, ки аз мустақилият, аз озодӣ метарсанд.
Мо бачаро ба озодӣ ҳидоят мекунем, дар ниҳоди ӯ накӯкориро бедор месозем.
Педагогикаи ҳамкорӣ душвор аст. Барои он ки ба бачаҳо ҳамкорӣ муяссар шавад, дили нарм, фарҳанги баланд ва маҳорати том бояд дошт. Дар педагогикаи ҳамкорӣ интизом, талабот ва тартиботи ниҳоят қавӣ вуҷуд дорад. Сарчашмаи он на омӯзгор, балки кору фаъолият мебошад. Ҳамкорӣ аз кору пайкор нумӯъ мегирад ва такя бар он дорад.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Ақидаҳои олимону мутафаккиронро дар бораи одаму одамгарӣ гирд оред ва маънидод намоед.
    1. Бо кадом роҳу воситаҳо шавқи хонандаро ба хондан зиёд намудан мумкин аст?
      Хусусияти инсонгароӣ доштани ҳамкории педагогиро муайян намуда, дар шакли схема нишон диҳед.
    1. Нуқтаҳои асосии педагогикаи ҳамкориро шарҳ диҳед.
      Нақши техналогияи таълими инфиродиро дар ҳамкории педагогӣ бо мисолҳо муайян намоед.
  2. Таълими инфиродӣ мувофиқи кадом меъёрҳо бояд ташкил карда шавад?
    1.24. Нақши омӯзгор дар ташаккули ҳисси инсондӯстии хонандагон Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
    • Вазифаҳои омӯзгори синфҳои ибтидоиро дар тарбияи гуманистии хонандагони хурдсол муайян мекунанд.
    • Ғояи гуманистӣ доштани маводҳои таълимиро шарҳ медиҳанд.
    Нақша:
    • Вазифаҳои омӯзгор дар тарбияи гуманистии хонандагони синфҳои ибтидоӣ.
    • Ғояи гуманистӣ дар маводҳои таълимӣ.
пешина
аз 142
навбатӣ