Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

ВАЗИФАҲОИ ОМӮЗГОР ДАР ТАРБИЯИ ГУМАНИСТИИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ
Шарти асосии инсоникунонии (гуманизатсияи) тарбия ба ин кор ҷалб намудани худи хонандагон ва инкишоф додани фаъолияти онҳо барои худтарбиякунӣ мебошад. Хонандагон то чӣ андоза зарур будани худтарбиякуниро ҳамчун воситаи ислоҳ намудани сифатҳои ахлоқии худ ва расидан ба орзуву ҳадафи шахсӣ дуруст дарк наменамоянд. Бояд зикр намоем, ки дар ҳалли ин масъала мақом ва нақши асосиро парастиши идеали ахлоқӣ мебозад. Омӯзгор бошад дар навбати худ, дар интихоби идеали ахлоқӣ ба хонанда метавонад ёрии амалӣ расонад.
Гуманистон дар ҳар давру замон ақоиди озодӣ, баробарӣ, бародарӣ, аз байн бардоштани ҷабру зулм ва қонеъ гардонидани талаботи инсонро ҳуқуқи табиии ӯ дониста, дар назди қонун баробар будани онро пеш мегирифтанд, обрӯ ва шаъну шарафи инсониро новобаста ба баромадӣ иҷтимоӣ ва мавқеи иҷтимоии он эътироф кардаанд.
Аз ин лиҳоз, ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз тасмим гирифтааст, ки наврасону ҷавононро дар руҳияи инсондӯстӣ, башардӯстӣ, арзишҳои миллию умумибашарӣ тарбия намоянд. Гуманизми мардуми мо аз замонҳои хеле қадим ибтидо гирифта, сипас он дар асарҳои Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синою Умари Хайём, Низомию Саъдӣ, Носири Хусраву Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизу Ҷомӣ ва дигарон пайваста ба ахлоқ баҳри нест кардани зулму истибдод, барҳам додани муносибатҳои мухолифи иҷтимоӣ ва низои одамон равона карда мешуд.
Сардафтари адабиёти тоҷик Абӯабдуллои Рӯдакӣ фармудаанд:
Гар бар сари нафси худ амирӣ-мардӣ,
Бар кӯру кард ар нуқта нагирӣ-мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ-мардӣ!».
Унсурулмаолии Кайковус дар асари панду ахлоқии худ «Қобуснома» дар боби «Андар ёд кардани пандҳои Нӯшервони Одил» овардааст: «Агар хоҳӣ, ки қадри ту бар ҷой бошад, қадри мардумон бишинос», «Агар хоҳӣ, ки беҳтарини халқ бошӣ, аз халқ чизе дареғ мадор»
Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» сирати одамиро дар ҷои аввал гузошта гуфтааст:
Ҳар ки дар ӯ сирати некӯ бувад,
Одамӣ аз одамиён ӯ бувад.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ шахси ба мардум нафърасонро аз қавми беҳтарин инсон дониста гуфтааст:
Эй ки пурсӣ ки беҳтарин кас кист?
Гӯям аз қавли беҳтарин касон.
Беҳтарин кас касе бувад, зи халқ,
Беш бошад ба халқ нафърасон.
Омӯзгор бо хонандагон бояд дар ин мавзуъ суҳбатҳо гузаронида, дар бораи хулқу атвори қаҳрамонҳо, далерӣ, шуҷоатмандӣ, нотарсӣ, ватандӯстӣ ва ғайра, диққати махсус диҳад. Масалан, дар бораи хислатҳои Спитамен, Муқаннаъ, Темурмалик, Рустам, Сӯҳроб, Сиёвуш ва ғ. омӯзгор метавонад бо хонандагон муфассал суҳбат намояд.
Бинобар ин, омӯзгорро зарур аст, ки ба хонандагон дар бораи ахлоқи ҳамида, ақлу заковат ва умуман ҷаҳони маънавии инсоният нақл кунад. Ба омӯзгор муҳим аст, ки дар раванди тарбия мисолҳо аз ҳаёт ва фаъолияти шахсони бузурги давлатӣ, олимон, шоирону нависандагон, пешқадамони истеҳсолӣ кайҳоннавардон ва ғайра пешкаши хонандагон намоянд. Мисолҳое, ки омӯзгор меоварад, аз он шоҳидӣ медиҳад, ки дар шароитҳои мусоид барои инкишофи сифатҳои ахлоқии шахсият муҳаё карда шудааст.
Таҳқиқот ва таҷриба нишон медиҳанд, ки дар бештари ҳолатҳо хонандагон барои худ қаҳрамонҳои халқу миллат, қаҳрамонҳои асарҳои адабӣ, кайҳоннавардон ва шахсоне, ки баҳри ободии диёр заҳмат кашидаанд, идеал интихоб менамоянд. Аммо дар баъзе ҳолатҳо наврасон ба ду-се сифати идеали худ диққат дода, дигар сифатҳои ахлоқии ӯро ба инобат намегиранд. Чунин рафтори хонандагон дар натиҷа ба он оварда мерасонад, ки таъсири идеал-қаҳрамон коста гашта, фоиданокии худтарбиякунӣ суст мешавад. Ҳамин тариқ, ғанӣ гардонидани мазмуни худтарбиякунии хонанда тақозои онро дорад, ки дар ҳамаҷониба дарк намудани сифатҳои мусбии идеали ӯ ёрӣ расонидан шарт ва зарур мебошад.

пешина
аз 142
навбатӣ